Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон


Созмони Ҳюман Райтс Вотч(HRW) ва ё Дидбони ҳуқуқи башар мегӯяд, вазъи ҳуқуқи башар дар соли 2006 дар Тоҷикистон бадтар шудааст. Қабл аз интихоботи раёсати ҷумҳур, мақомот аз нашри расонаҳои хабарии мустақил ҷилавгирӣ ва чанд тан аз фаъолони мухолифинро равонаи зиндон карданд. Панҷ ҳизби сиёсӣ номзадҳои худро ба интихоботи раёсати ҷумҳури моҳи ноябр пешниҳод карданд ва аммо мухолифони ҳақиқӣ камнерӯву шикаста боқӣ монд ва аз ин рӯ тавони рақобати ҷиддӣ бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмоновро надоштанд. Даргузашти Сайид Абдуллоҳи Нурӣ - раиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои маъруфи сиёсии кишвар ҳизбро маҷбур сохт, ки аз пешбарии номзад ба интихоботи раёсати ҷумҳур худдорӣ варзад. Ду ҳизби дигари мухолифи ҳукумат - Ҳизби демократ ва Ҳизби Сотсиал демократ интихоботро таҳрим карданд.


HRW мегӯяд, моҳи май узви Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон Саъдулло Маъруфов худро аз қабати саввуми идораи милисаи шаҳри Исфара поин андохт. То ҳанӯз маълум нест, ки ҷаноби Маъруфов бо кадом далел боздошт шуда буд. Ба иттилоъи Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, ташхиси ҷанозаи Маъруфов собит кард, ки ӯ дар идораи милиса мавриди шиканҷа қарор гирифтааст. Баъд аз ин ду корманди милиса бо гумони даст доштан дар ҳалокати Саъдулло Маъруфов боздошт шуданд. Ва ҳарчанд раиси Ҳизби демократ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ҳанӯз моҳи октябри соли 2005 аз сӯи додгоҳ ба 23 соли зиндон маҳкум шуда буд, ба ӯ то охири моҳи июни соли 2006 ум иҷоза надоданд то бо пайвандон ва вакилони мудофеъаш мулоқот кунад.
(Тафсилоти бештар)
XS
SM
MD
LG