Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои зимистонаи Осиёӣ


Муҳаммадшоҳ Абдуллоев, масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар шашумин давраи ин бозиҳо, ки аз 28 январ то 4 феврали соли равон дар шаҳрҳои Чангчун ва Ҷилини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мешавад, варзишгарони кишварҳои қора дар чунин риштаҳо, монанди ҳоккей, биатлон, фристайл, лижаронӣ, лижаронии кӯҳӣ ва рақси рӯи ях рақобат хоҳанд кард. Ва аммо варзишгарони тоҷик танҳо дар як намуд - лижаронии кӯҳӣ ширкат меварзанд. Оқои Абдуллоев афзуд: «Тоҷикистонро дар шашумин давраи Бозиҳои Осиёӣ се варзишгар таҳти раҳбарии мураббӣ Дилшод Каримов намояндагӣ хоҳанд кард. Бардоштани парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими кушоиши бозиҳо ба зиммаи лижарони моҳир Насрулло Зокиров вогузор шудааст.»

Ба гуфтаи оқои Абдуллоев ду варзишгари дигари тоҷик, ки дар шашумин давраи Бозиҳои зимистонаи Осиёӣ ширкат хоҳанд кард, рӯзҳои наздик дар мусобиқоти интихобӣ аз ҷониби Федеросиюни лижаронии кӯҳии Тоҷикистон муайян мешаванд.

Масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҳамчунин иттилоъ дод, ки намоядагони Тоҷикистон барои севвумин бор аст, ки дар Бозиҳои зимистонаи Осиёӣ ширкат хоҳанд кард. Вале намояндагони Тоҷикистон дар ду давраи қаблии Бозиҳои зимистонаи Осиёӣ ва Бозиҳои зимистонаи олимпӣ натоиҷи назаррас ба даст наовардаанд. Бинобар ин, мегӯяд оқои Абдуллоев, Кумитаи миллии олимпӣ ва Федеросиюни лижаронии кӯҳии Тоҷикистон барои ширкати муваффақонаи варзишгарони тоҷик дар панҷумин давраи Бозиҳои Осиёӣ ҳамаҷониба кӯмак мекунанд.
XS
SM
MD
LG