Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳои ҷаҳон ба барномаи нави Буш дар Ироқ


Ҳукуматҳои дунё бо каме эҳтиёт аз нақшаи президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш дар бобати интиқоли нирӯи бештар ба Ироқ истиқбол мекунанд. Сухангӯи давлати Ироқ гуфт, ин афзоиш комилан ба манфиати Ироқ аст. Бритониё ва Австралиё аз барномаи нав истиқбол карданд, вале гуфтанд, худи онҳо нийят надорад, ба Ироқ нирӯи бештар бифиристанд.


Вазири умури хориҷии Бритониё Маргарет Беккет гуфт, аз афзоиши шумораи сарбозон дида, кишвараш бештар ба супурдани масъулиятҳои амниятӣ ба дасти нирӯҳои Ироқӣ дар ҷануби ин кишвар бартарӣ медиҳад. Сухангӯйи Кумисюни Аврупо Эмма Удвин гуфт, умед аст, ки ин чораҳо заминаи эътидоли бештар мешаванд ва Аврупо худро ба таври бештар бахше аз талошҳои байнулмилалии ҳалли мушкили Ироқ, чи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, эҳсос хоҳад кард.


Президент Буш гуфтааст, 21 500 сарбози нав ба Ироқ мефиристад ва кӯмаки молӣ ба давлати Ироқ низ зиёд шуда, масъулияти амнияти кишвари худро дар моҳи ноябр бар дӯши ироқиҳо гузошта мешавад. Вале муваффақияти барномаи нави Буш аз тарафи мухолифони сиёсияш дар Амрико, бархе таҳлилгарон зери суол бурда мешавад, ба вижа бо тамаркуз рӯйи хушунатҳои байнимазҳабӣ дар Ироқ. Ҳоло Амрико дар Ироқ 130 000 сарбозу афсар дорад.
XS
SM
MD
LG