Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як соли ғайриоддӣ ва сарнавиштсоз


Дӯстони арҷманд!

Мо тасмим гирифтаем дар барномаҳои оянда ба рӯйдодҳои як соли Тоҷикистон, соли 1994, дақиқтар нигоҳ кунем ва дар мисоли ин сол бубинем, оё таърихи кишвари мо дар ин давра чӣ гуна шакл ёфт.

Соли 1994 аз он ҷиҳат таваҷҷӯҳи моро ба худ кашидааст, ки дар моҳи апрели ин сол гуфтушуниди сулҳи тоҷикон оғоз шуд ва эълони оташбаси муваққат роҳро ба сулҳу оромӣ дар кишвар ҳамвор кард.

Аммо ҳамчунин ин соли қабули Қонуни асосии Тоҷикистон ва интихоби президент буд. Соли 1994 соли зуҳури интернет дар кишвар, имзои созишномаи Тоҷикистону Русия дар бораи бунёди нирӯгоҳи барқи обии Роғун, таъсиси ширкати "Телеком Текнолоҷӣ", қонунӣ шудани Паймони амнияти муштараки кишварҳои ҳамсуд, соли узвияти Тоҷикистон дар Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ ва соли таъсиси Ҳизби халқию демократии Тоҷикистон буд.

Онро ҳамчунин соли хазон шудани пули рубл ва соли навбатҳои дарози нон низ номидаанд. Хуллас, ба назар мерасад, соли оддӣ набуд, балки соли сарнавиштсоз буд. Вале оё Шумо аз соли 1994 чӣ ёдбудҳое доред? Оё вазъи кишвар дар соли 1994 аз нигоҳи Шумо чигуна буд?
Хеле шод мебудем, агар посухҳои худро ба ин пурсишҳо, ёддошт, наворҳои садо ё видео, аксу хотираҳое аз соли 1994 доред, ба мо фиристед, то ҳазорон нафари дигар аз онҳо бархӯрдор шаванд. Биёед, бо ҳам таърихи соли 1994-ро бинависем.

Номаҳои худро унвонии Hamnafas@rferl.org ва ё Tajik@rferl.org бифристед. Мо интизор хоҳем буд.
XS
SM
MD
LG