Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ишқ, кор ва комёбӣ бо мадади "гармохунук"?


Як фолбин, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард гуфт, ғолибан ҷавонон барои кушодани бахти худ, аниқтараш барои бунёди оила ба ӯ муроҷиат мекардаанд: «Тахминан беш аз 150 нафар духтарон ба ман муроҷиат карданд ва худоба шукр, ки хушбахт шуданд. Ман ҳам аз хушбахтии онҳо хурсанд мешавам.»


Ин фолбин шояд фол мебинад, ки мегӯяд, барои тахминан 40 дарсади духтарони муроҷиаткарда муҳим пӯшидани либоси арӯсӣ аст, на бунёди оилаи пойдор. Аммо мегӯяд вай- духтароне низ кам набудаанд, ки мехостаанд ба ҷавонони таҳсилкардаи соҳиби ҷойи кор ва хушахлоқ ба шавҳар бароянд. Ба гуфтаи фолбин, бозори духтарони синни аз 17 то 20 сола гарм аст ва ба назди ӯ асосан духтарони таҳсилкардаи аз 22 то 30 сола меомадаанд: Аксараш мехоҳад, ки соҳиби мошину хонаву чизу чора бошад. Аммо духтарони таҳсилкарда ба ин чизҳо чандон аҳамият намедиҳанд.

На танҳо духтарон, балки писарон низ барои ба даст овардани дили маҳбубаҳояшон дари фолбину соҳиронро мекӯфтаанд, ки албатта бо чунин шева роҳ ёфтан ба дили маҳбуб шояд чандон роҳи дуруст набошад: Хеле зиёд аст, агар духтарон 100 дарсадро ташкил диҳанд, писарон 50 дарсаданд.


Мушкили дигаре, ки ҷавононро ба назди фолбинон меовардааст, ин дарёфти ҷойи корӣ хуб будааст, ки аҷиб аст. Аксари ҷавонон бо гузаронидани маросимҳои мушкилкушо ва ё ба худ гарм кардани дили шахсони масъул ва ё нушидани обҳои махсуси дуохондашуда, умед бар он мебастаанд, ки мушкилашон осон мешавад, ки Худо медонад, ба ҳадафи хеш мерасанд ва ё на. Аммо ба ҳар сурат фолбинро мешунавем:

"Ҷавонони мо мегуянд диплом доранду ҷойи кор нест. Ба муасисаҳо муроҷиат мекунанд солҳо интизор мешаванд ва мегӯянд, панҷ соли хондан як тарафу даводави ёфтани ҷойи кор як тараф"


Баъзан қабл аз рафтан ба муҳоҷирати корӣ ҷавонон ба ҷойи дуои падару модару бобо ва ё каси дигар ба истилоҳ дуои фолбинро мегирифтаанд. Ҷавонон фикр мекардаанд, ки тумори фолбин чашми пулиси Русияро нобино мекардааст ва онҳо ҷавони тоҷикеро, ки тарсидаву ларзида аз пеши ӯ мегузарад, намедидааст.Ва ё туморе мегирифтаанд, ки ҷавонони дурудароз ёди ватан нокардаро ба Тоҷикистон баргардонанд.


Баробари шурӯъи мавсими санҷишу имтиҳонҳо баъзе аз донишҷӯён низ баъд аз дарс аз хонаи фолбину соҳирон дидан мекардаанд: «Донишҷуйҳое ҳастанд, саводи хуб доранд аммо устод баъзан онҳоро хуб намефаҳмад. Баъд зиддият ба миён меояд. Ман онҳоро тоза мекунам, ки ҳамин зиддият аз байн равад.»

Ба гуфтаи ин фолбин баъзе аз муштариёнаш барои сеҳру ҷоду кардани рақибашон низ ба назди у меомадаанд: Агар пештар ягон нафар ҷанг мекард як чанд вақт пас боз фаромуш мекарданд. Аммо имрӯз ин хел аст, ки зуд рафта ҷоду мекунанду пеши коратро мебанданд. Ин ҳам ба ҷавонон таъсир мерасонад. Зикамоҳ як зани 30 солаи тоҷик мегӯяд, бо кӯмаки яке аз чунин табибон гӯё ҷодуашро баровардааст: «Илм доштум аз дилум бароварданд ва ҳоло камтар сабук шудам»


Бо вуҷуди он ки бисйоре аз ҷавонон мегӯянд, ки ба сеҳру фолу ҷоду бовар надоранд, аммо мегӯянд, ки одамони зиёд аз хизмати соҳирону фолбинон истифоад мебаранд, вале ин корро ношоиставу хандаовар медонанд ва сирри худро пинҳон мекунанд.
XS
SM
MD
LG