Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифати Русия ба афви муҳоҷирони тоҷик


Намояндаи масъули Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, иҷрои дархости мақомоти Тоҷикистон дар бобати афви муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик як амали имконнопазир аст. Евгений Семёнов иҷрокунандаи вазифаи раиси намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон дар як нишасти матбуъотии худ рӯзи чаҳоршанбеи 10 январ дар шаҳри Душанбе пешниҳоди Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистонро дар масъалаи афви 50 ҳазор шаҳрванди ихроҷ шудаи тоҷик рад кард.


Оқои Семёнов зимни тавзеҳи мавзӯъи муҳоҷирати корӣ гуфт дар ҳоли ҳозир шумори теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия аз шумори мавриди ниёз бештар аст.

Масъулини Хадамоти муҳоҷирати кори Тоҷикистон дар пайи афзоиши теъдоди муҳоҷирони ихроҷ шудаи тоҷик аз Русия ахиран бо муроҷиати расмӣ ба ҳамтоёни руси худ хостори афви муҳоҷирони ихроҷ шудаи кории тоҷик шуданд.


Тибқи омори Хадамоти муҳоҷирати кори Тоҷикистон то кунун ҳудуди 50 ҳазор муҳоҷирини кории тоҷик аз Русия ихроҷ шудаанд ва мувофиқи муқаррароти қонунгузории Русия ин афрод дар сурати афв нашудан ҳуқуқи иҷозаи вуруди дубора ба хоки ин кишварро аз даст медиҳанд.

Бинобар омори расмии мақомоти Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар Русия ҳудуди 400- 450 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ ба сар мебаранд. Вале омори ғайрирасмӣ ин нишондодро ҳамакнун дар Русия ҳудуди 1 миллион нафар тахмин мезанад.
XS
SM
MD
LG