Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои ҷавони шоҳмоти Душанбе


Ин мусобиқот дар толори мактаби шоҳмоти пойтахти Тоҷикистон бо ширкати беш аз 70 нафар шатранҷбозони то 20 - сола дар чаҳор гурӯҳ сурат гирифт. Дар ҳамаи гурӯҳҳо шогирдони мактаби махсуси варзишии кӯдакону наврасони захоири олимпии шаҳри Душанбе оид ба шоҳмот ғолиб омаданд.

Султон Исҳоқов дар сабқати шатранҷбозони то 12-сола бо 8 имтиёз аз 9 бозӣ мақоми аввалро касб кард. Шаҳбоз Мақсудов бо 8,5 имтиёз аз 11 бозӣ миёни бачаҳои то 14-сола ғолиб омад. Филолишоҳи Некрой бо 7 имтиёз аз 7 дидор байни наврасони то 16-сола дар ҷойи аввал қарор гирифт. Икром Илҳомзода бо 10,5 имтиёз аз 11 бозӣ миёни шатранҷбозони то 20-сола мақоми аввалро касб кард.

Сабқати духтарони шатранҷбоз сарфи назар аз синну соли ширкаткунандагони ин мусобиқот дар як гурӯҳ баргузор шуд.Марворид Насриддинова ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Вай дар 9 бозӣ 8,5 имтиёз ба даст овард.

Сардовари ин мусобиқот Саодат Одинаева ба радиои Озодӣ гуфт, ки беҳтарин шатранҷбозони ҷавони шаҳри Душанбе моҳи март дар мусобиқоти қаҳрамонии шоҳмоти Тоҷикистон миёни ҷавонон ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG