Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ интизори чист?


Президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш қарор аст, ҳафтаи оянда ҷузъиёти барномаи нави марбут ба Ироқро эълон кунад. Ва дар ҳоли ҳозир Буш роҷеъ ба мӯҳтавои ин барнома танҳо ба сурати умумӣ ишораҳое кардааст: "Ман тайи ҳафтаи оянда омода хоҳам шуд, барномаеро муаррифӣ кунам, ки ба ироқиҳо дар бунёди кишвари пойдор ва қобили идораву мудофиа кӯмак кунад. Ман ҳанӯз дар ҳоли ҷамъоварии машваратҳоям. Аммо ҳар тасмиме ки гирифта мешавад, як ҳадаф хоҳад дошт, расидан ба мақсад."

Ин суханонро Буш рӯзи панҷшанбе пас аз мулоқот бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел ба забон овард. Вале бисёре аз мавзӯъҳои барномаи нави Буш аллакай ба матбуот таровидаанд. Тибқи онҳо президент ва дастаи ӯ тасмим гирифтаанд, стратегияи мавҷударо на иваз, балки нав кунанд. Ва навигарӣ дар интиқоли нирӯи бештар ба Ироқ барои қатъи хушунатҳо ва ихтисоси пули бештар барои бозсохт хоҳад буд.
Хабаргузориҳо мегӯянд, эҳтимол меравад, 20 000 сарбози тозанафаси амрикоӣ ба Бағдод ва вилояти Анбар фиристода шаванд. Дар ҳоли иҷрои ин тарҳ шумораи нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Бағдод ду баробар бештар хоҳад шуд. Ҳамзамон Кохи Сафед мехоҳад бо харҷи миллиордҳо доллари дигар ба рушди иқтисодиёт, ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар мусоъадат кунад.


Президент Буш ҳамчунин мехоҳад, ҳайъати масъулони давлатро, ки бо Ироқ машғуланд, иваз кунад. Интизор меравад, мудири кашфи миллӣ Ҷон Негропонте, ки нахустин сафири Амрико дар Ироқ буд, ноиби аввали вазири умури хориҷӣ ва сафири феълии Амрико дар Ироқ Залмай Халилзод намояндаи Иёлоти муттаҳида дар Созмони Милали Муттаҳид таъин шаванд. Гуфта мешавад, ҳадаф аз ин тағйирот иҷрои пешниҳоди Гурӯҳи омӯзиши вазъи Ироқ дар корбасти бештари омилҳои дипломатист. Аъзои ин гурӯҳ дар гузориши худ аз ҳукумати Амрико хостанд, барои ҳалли мушкили Ироқ вориди гуфтушунидҳои мустақим бо Сурия ва Эрон шавад. Дар робита ба стратегияи нави Буш дар Ирқ гуфта мешавад, фармондеҳони артиши Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ низ иваз хоҳанд шуд.


Бо вуҷуди он ки аз барномаи нави Ироқ интизориҳо зиёд аст, мухолифони Буш мегӯянд, афзоиши нирӯ дар Ироқ, дар ҳоле ки бе ин ҳам 120 000 сарбозу афсари амрикоӣ он ҷост, натиҷаи умда нахоҳад дод, магар ин ки тамоми сиёсат дар Ироқ тағйир дода шавад.
XS
SM
MD
LG