Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости афви муҳоҷирон


Ба таъйиди масъулини Хадамоти давлатии муҳоҷирати Тоҷикистон бидуни татбиқи қонуни афв барои ин теъдоди муҳоҷирин онҳо имконияти сафар ва кору зиндагии дубора ба Русияро дар панҷ соли баъд аз замони ихроҷ аз даст хоҳанд дод.
Ва ин дар навбати худ мушкилот ва сангиниҳои фаровонеро барои гузарони рӯзгори хонаводаҳои онҳо дар ватан пеш меорад.


Анвар Бобоев-раиси Хадамоти давлатии муҳоҷирати Тоҷикистон гуфт, муҳоҷирини ихроҷшуда замоне метавонанд қасди сафари ин кишварро кунанд,ки шароити ҳуқуқии буду бош барояшон дар ин кишвар мусойид шавад.


Ба таъйиди оқои Бобоев мақомоти Русия дар ҳоли ҳозир пешниҳоди онҳоро ба баррасӣ гирифтаанд. Раиси Хадамоти давлатии муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд аксари кулли муҳоҷирини ихроҷшуда ҷиноёти сангине содир накардаанд ва чун иллати ихроҷи онҳо риоят накардани муқаррароти будубош аст, интизор меравад мақомоти Русия онро ба таври мусбат ҳаллу фасл кунанд.


Дар ҳамин ҳол Ғаюр Қаҳҳоров- як коршиноси тоҷик низ мӯътақид аст, ки мушкилоти муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик аз Русия бо талоши мақомоти ин ду кишвар роҳи дурусти ҳалл пайдо хоҳад кард.


Зеро авомили зиёде миёни ин ду кишвар бар ҳалли мусбати ин масъала вуҷуд дорад. Аммо Раҳматулло Зоиров-раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва яке аз ҳуқуқшиносони саршиноси тоҷик бар ҳалли сареъ ва мусбати мушкилоти муҳоҷирини ихроҷшудаи тоҷик дар Русия тардид дорад.


Вай мегӯяд тақозои афви муҳоҷирини тоҷикистонӣ аз ҳукумати Русия роҳи ҳуқуқии ин қазия буда наметавонад. Зеро мегӯяд оқои Зоиров ихроҷи ин ё он шаҳрванди хориҷӣ аз қаламрави кишвар тибқи қавонин ҷазои маъмурӣ мебошад, ки он бо қарори додгоҳ амалӣ мешавад.


Вале қонуни афв дар ихтиёри парламент ва президент мебошад ва аз тарафи дигар барои ҷазои маъмурӣ афвро татбиқ намекунанд. Вале бо ин вуҷуд Анвар Бобоев-раиси Хадамоти давлатии муҳоҷирати Тоҷикистон бо ишора бар коҳиши шумори муҳоҷирини ихроҷшудаи тоҷик дар соли 2006 мегӯяд дар сурати аз иродаи нек кор гирифтани мақомоти Русия мушкилоти мазкур дар зудтарин фурсат бартараф хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG