Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳс сари тағйири Оинномаи Ҳизби демократ


Ҳизби демократи Собиров тасмим гирифтааст, бо даъвати ҷонибдорони худ дар як анҷумани ғайринавбатӣ рӯзи 14 январ Оиннома ва Барномаи Ҳизби демократро мавриди бозбинӣ қарор диҳад. Саидҷаъфар Исмонов, иҷрокунандаи вазифаи раиси ҳизб гуфт, дар анҷуман Лоиҳаҳои нави Оиннома ва Барномаи ҲД бо тағйир ва ислоҳ барои муҳокима ва қабул пешниҳод хоҳад шуд. Оқои Исмонов дар бораи зарурати тағйир ва ислоҳи Оиннома ва Барномаи ҲД гуфт, Оинномаи ҲД дар солҳои 1989 - 1990 таълиф шуда дар ин муддат ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нигоҳи сиёсӣ ва талаботи мардум ҳам дигар шудааст ва аз ин рӯ, Оинномаи ҲД ҳам ба дигаргунӣ зарурат дорад. Оқои Исмонов афзуд, ки дар Оиннома камбудӣ ва мухолифатҳо вуҷуд дорад, ки бояд ислоҳ ёбад.


Даьвати анҷумани ғайринавбатии ҲД-и Собиров дар ҳоле сурат мегирад, ки моҳе қабл раёсати ин ҳизб сарвари худ - Масъуд Собировро ба далели заъфи фаьолият аз мақоми садорат барканор кард.


Ба назари Ҷумъабой Ниёзов, нахустмуовини Ҳизби демократи Искандаров ва ҳамзамон сарвари бахши ин ҳизб дар вилояти Суғд, ин иқдом ихтилоф дар миёни ду пора Ҳизби демократро амиқтар хоҳад бурд. Оқои Ниёзов даъвати анҷумани ғайринавбатӣ аз ҷониби ҲД-и Собировро бе гузаштани се моҳ аз қарори раёсати ин ҳизб иқдоме ғайриқонунӣ хонд ва афзуд, Оинномаи ҳизб дар соли 1999 аз нав қабул шудааст, аз ин рӯ ба ҳеҷ гуна тағйиру ислоҳ зарурат надорад.


Зимнан, Масъуд Собиров аз мақоми садорати ҷиноҳе аз ҲД дар ҳоле барканор гашт, ки хостори як шудани ду пораи ҳизб шуда буд. Саидҷаъфар Исмонов, иҷрокунандаи вазифаи раиси Ҳизби демократи Собиров мегӯяд, дар анҷумани ғайринавбатии ин ҳизб дар рӯзи 14 январ масъалаи дар вазифаи худ мондани Собиров ва ё интихоби раиси нав низ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Маъсуми Муҳаммадрачаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG