Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи бозгашти зоирони тоҷик ба Ватан


Имрӯз, чаҳоруми январ нахустин гурӯҳи ҳоҷиёни тоҷик аз Ҷидда ба Душанбе бармегарданд.


Мақомоти "ТоҷикЭйр" гуфтаанд, 335 ҳоҷӣ имрӯз дар ду ҳавопаймо ба Душанбе ворид мешаванд. Дар маҷмӯъ, бозгашти ҳоҷиён то 18 январ идома мекунад.


Дар мавсими имсола беш аз чаҳору ним ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба зиёрати Каъба рафтанд. Аз ин миён, Мадулло Мадалиев, як зоири 69-сола аз шаҳри Кӯлоб рӯзи 21 декабр зери пои издиҳом ҳалок гаштааст. Ӯ дар Макка гӯронида шудааст.
XS
SM
MD
LG