Ба гуфтаи шоҳидон садои тири аслиҳаи сабук ва таркиши гулулаҳои тӯпу тонк шунида мешавад ва ҳавопаймоҳои Эфиопия мавзеъи исломгароёнро бомбаборон мекунанд. Дар ҳамин ҳол Кениё нирӯҳои худро дар марзҳояш бо Сомалӣ тамаркуз додааст ва ҳукумати муваққати Сомалӣ аз Кениё хостааст, ба исломгароён роҳи фирор боз накунад. Ҳукумати Кениё гуфтааст, ба ягон фарди мусаллаҳ иҷоза нахоҳад дод, марзро убур кунад.
Исломгароён, ки ҳаракати онҳо бо номи Шӯрои додгоҳҳои исломӣ машҳур шудааст, эълони афви ҳукумати Сомалиро қабул накарданд ва гуфтаанд, мубориза худро давом хоҳанд дод. Хабаргузории Ройтерз мегӯяд, ба даъвати ҳукумат, ки ҳамчунин хостори халъи силоҳи аҳолӣ шудааст, ба ҷуз чанд нафар касе посух надодааст.
Аз Селли Обе, коршиноси умури сиёсии Африқо дар пажӯҳишгоҳи Чатҳам Ҳаус дар Лондон, мепурсам, оё ҳукумати муваққати Сомалӣ дар истиқрори амният муваффақ хоҳад шуд? Хонуми Обе мегӯяд: "Ман фикр мекунам, он дар талоши назорат ба мамлакат бо мушкилиҳои назаррасе рӯбарӯст ва ногузир бо сарони сулолаҳо ва афроди бонуфуз вориди гуфтушунид хоҳад шунид. Ба назари ман, дахолат ва ҳузури низомии Эфиопия ба эътибори ин ҳукумат ва талошҳои ҷойгоҳ ёфтани он латма мезанад."
Аммо таҳлилгари дигар, Алиризои Нуризода аз маркази мутолиоти арабию эронӣ дар Лондон мегӯяд, баракас ҳузури ҳарбии Эфиопия омили пойдории ин ҳукумат аст ва ин дахолат давомдору намоён нахоҳад буд. Ин нукта дар ҳоле гуфта мешавад, ки сарвазири эфиопӣ Мелес Зеновӣ рӯзи сешанбе дар Адис-Абебо ин тавр изҳор дошт: "Аз нигоҳи мо, дар ҳоле ки мо вазифаи асосии худро ба анҷом расондем, мақсад ин хоҳад буд, ки нирӯҳои худро ба ватан баргардонем, то дар ин ҷо бо бенавоӣ вориди ҷанг шаванд. Вале дар айни замон назорат бар боқимондаи нирӯҳои тундгаро, ки дар ҳар ҷои Сомалӣ пароканда шудаанд як вазифаи мост. Пас аз иҷрои ин вазифаи охирин қарори тағйирнопазири мо ин бозгардони нирӯҳо ба ватан зарфи чанд ҳафта аст."
Сарвазири эфиопӣ Мелес Зеновӣ касе буд, ки дар гузашта ҳама гуна дахолати кишварашро дар умури Сомалӣ рад мекард ва танҳо ду ҳафта пеш иқрор кард, ки нирӯҳои эфиопӣ дар Сомалӣ бо исломгароён вориди даргирӣ шудаанд. Ин ҳам дар ҳоле ки исломгароён қудратро дар Могадишу, пойтахти Сомалӣ ба даст оварда буданд ва ҳукумати муваққати дар шаҳри дигари Сомалӣ Байдабо боқӣ монда буд. Исломгароён ба даҳкилометрии ин шаҳр ҳамла карданд, вале дертар аз ҳамла даст кшаиданд ва гуфтанд, ҳадафи онҳо нобуд кардани ҳукумати нотавон на, балки ҷорӣ кардани амният дар кишвар аст. Вале чаро вазъият оҳло тағйир кард, мепурсам аз Селли Обе, коршиноси умури сиёсии Африқо дар пажӯҳишгоҳи Чатҳам Ҳаус дар Лондон. Магар он аз шинохти расмӣ ва пуштибонии ҷомеаи ҷаҳонӣ бархӯрдор набуд?
Селли Обе: "Бархӯрдор буд, вале ин ҳукумат, ки ду сол пеш таъсис ёфта буд, натавонист ба кор сар кунад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ омода буд, аз он ҳимоят кунад, вале худи ҳукумат натавонист, қудрати худро нишон диҳад ва амалан ба кор сар кунад. Ва акнун ин ҳукумат бо кӯмаки кишвари ҳамсоя ба Могадишу оварда шуд, ки ин сабаби рӯшани тағйири вазъият аст."
Аммо чаро ҳукумати муваққат натавонист дар оромиши кишвар комёб гардад, мепурсам аз коршиноси дигар Алиризои Нуризода: "Ду омил ба шикасти ин давлат таъсир дошт. Яке мудохилаи хориҷӣ, вақте кишварҳои гуногун аз нирӯҳои гуногуни дохилӣ ҳомият мекарданд ва дигаре ихтилофот дар дохили худи ҳукумат рӯйи масъалаи ташкили порлумони фарогир. Нотавонии давлати муваққат сабаб гашт, маҷмӯъае таъсис ёбад, ки аз бисёр ҷиҳат ба Толибони Афғонистон шабоҳат дошт."
Дарвоқеъ бисёре аз таҳлилгарон ҷумбишеро бо номи Шӯрои додгоҳҳои исломӣ ва ё тавре шумо гуфтед, маҳокими исломӣ, ба толибони афғон шабоҳат медиҳанд, оё ба кадом далел?
Алиризо Нуризода: "Ба он далел ки бо вуҷуди амнияти оромӣ, ин ҳаракат бо дидгоҳҳои салафии худ озодиҳои хусусиро аз байн бурд, таҳсилу кори занонро манъ кард, ҷазоҳои ғайримуқаррарӣ ҷорӣ намуд ва ғайра. Ҳамчунин дари кишварро ба салафиҳо ва ситезаҷӯёни исломӣ дар кишварҳои дигар боз кард."
Ва ҳамин пурсишро, ки оё то куҷо исломгароёни Сомалиро метавон ба толибони афғон монанд кард, аз Селли Обе, коршиноси умури сиёсии Африқо дар пажӯҳишгоҳи Чатҳам Ҳаус дар Лондон кардам. Вай дар посух гуфт: "Ман медонам, ин ташбеҳ борҳо садо дод, баъд аз он ки додгоҳҳои исломӣ дар мояи июн ҳокимиятро ба даст гирифтанд. Дуруст аст, баъзе шабоҳатҳо мавҷуд буд, вале ба сурати умум, сарони ин ҳаракат дидгоҳҳои фарохтаре доштанд ва дар байни онҳо сарони бизнес ва мардумии сомалӣ низ буданд. Албатта, дар миёни сарони ҳаракат тундравҳо ҳам буданд, вале ман фикр мекунам, бо толибон як донистани онҳо хулосаи каме шитобкорона аст, ҳарчанд монандиҳо буданд. Чунончи, мардуми Сомалӣ аз назму тартибе ки онҳо, пас аз ин қадар соли ҳарҷу марҷ оварданд, хушҳол буданд. Оромӣ ба кӯчаҳо баргашта буд ва мардум бархилофи солҳои зиёди гузашта, танҳо дар шаш моҳи ҳокимияти онҳо метавонист, сари кори худ равад ва аз ин ҷиҳат додгоҳҳо дар байни мардуми маҳаллӣ маҳбубияти зиёд доштанд."
Хонум Селли Обе, таҳлилгари Пажӯҳишгоҳи салтанатии Чатҳам Ҳаус дар оғози сӯҳбат гуфт, ки ҳукумати муваққат ба мушкилоти зиёд рӯбарӯ хоҳад гашт ва танҳо дастёфт ба ҳимояти мардум хоҳад тавонист, роҳи сиёсиеро ба оянда боз кунад. Вале оё ҷаноби Нуризода ба чӣ назар аст дар бобати ояндаи Сомалӣ: "Ҳоло давлати муваққат аз як пойгоҳе бархӯрдор аст ва умед аст, ки бо сабақҳое аз таҷрибаи гузашта, ин бор роҳи ҳамкорӣ ва осоишро пайдо кунад."