Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли 2006 - амнтарин сол аз нигоҳи тасодумҳои ҳавоӣ


Дар соли 2006 дар саросари ҷаҳон 156 ҳавопаймо суқут кардааст, ки дар 43 соли ахир камтарин ба ҳисоб меравад.


Ба гуфтаи коршиносон, соли 2006 аз назари амнияти парвози ҳавопаймоҳо амнтарин сол будааст.


Созмони ғайриҳукуматие дар шаҳри Женева, ки амнияти парвозҳоро назорат мекардааст, мегӯяд, ки соли 2006 бар асари суқути ҳавопаймоҳо дар саросари ҷаҳон 1292 нафар ҷон додаанд, ки 11 фисад камтар аз соли 2005 будааст.


Маргбортарин садамаи ҳавопаймоӣ суқути ҳавопаймои Ту - 154 дар моҳи август дар Украина будааст, ки бар асари он 170 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG