Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳар ҷо паривашест, девест бо ӯй


Аз силсилатанзҳои устод Нурулло Абдулло

«Ташхис-ул-латоиф». Лутфи V.

Ҳусни cухан

Салому дуруди бепоён ба ту, эй хонандаи ширинҳоли ман. Аммо баъд...Оё ба назари борикбини ту ҳамин тавр наменамояд, ки дар тӯли ҳамаи сад соли охир мо ба ҳусни забони шевои дарӣ коҳише овардаем. Он ба назар ва дар гуфтор дағалтару ноҷӯртар гаштааст. Ҳоло агар латифаеро пеш орам ба ту, мақсадам саҳеҳтар мегардад.

Овардаанд, ки зарифе зане бихост. Чун шабро бо ӯ гузаронду сабоҳ шуд, ёрон аз ӯ пурсиданд, ки ҳол чист ва занат ба чӣ монад? Зариф гуфт: «Ба шохи наргиси маст, ки сараш сафед асту рӯяш зарду соқаш сабзу борик.»

Акнун...агар тавсифи ҳамин занро аз марди имрӯза пурсем, медонед, ӯ чӣ ҷавоб медиҳад?

«-Ношукрии ҳамин зани додагитон. Дар сар як тор мӯи сиёҳ надорад. Мегӯӣ, ки як умр осиёббон бошаду ҳаётаннабӣ аз он ҷо берун набаромада бошад. Ранги рӯ зард, хунук! Мегӯӣ, касали домана як умр домангираш бошад. Тана қоқи сиёҳ, пойҳо дуки кампири момоам барин. Ду оташкови дар поёни тана часпондагӣ, ҳезуми тари нимсӯхтаяй мегӯӣ.»

Дар асл гирем, ҳарду мард ҳам он занро қариб як хел мебинанд ва як хел тасвир мекунанд. Вале гап дар ҳусни сухан аст. Яке ҳолро «ба шохи наргиси маст» ташбеҳ медиҳад, дигаре ба «ҳезуми тари нимсӯхта».

Донаи филфил сиёҳу холи маҳрӯён сиёҳ,
Ҳарду дилсӯзанд, аммо ин куҷову он куҷо?




Аз силсилатанзҳои устод Нурулло Абдулло



Вақте дар боби ҳусну малоҳати каломи дарӣ бо яке аз дӯстонам, ки ба ман ҳукми устодиро дорад, ибрози ақида мекардам, ӯ дар ҷавоб изҳор дошт, ки бо ҳамон латофати пештара сухан мегӯянд ва чун исботи гуфтааш латифаеро хотиррасон шуд:

Се мард ҷое нишаста ба таърифи занҳояшон пардохтаанд.

Яке гуфт, - Зани ман ба оҳубарра монанд аст. Ҳамеша чусту чолок, чашмҳо чашмҳои ғизол, зулфҳо пари зоғ...

- Зани ман ҳам чӯҷаи кабки дарӣ барин, гуфт дуввумӣ, - ин хиромидана бину ин қақра задана бину...

Марди сеюм хомӯш, чизе намегӯяд.

-Хӯш, зани ту чӣ гуна зан аст, мепурсанд аз ӯ.

-Ҳамин...зани ман ҳам ба кадом ҷонваре монанд ҳасту фақат ман номи ҳамон ҳайвона наёфта истодаам


Чӣ илоҷ, ҳар ҷо ки паривашест, девест бо ӯй. Саломат бошед.
XS
SM
MD
LG