Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳи Шумо ба соли нави 2007


Ба фикри ман, соли нав барои мардуми тоҷик мисли солҳои қаблӣ ҳамин хел бетағйир боқӣ мемонад, зеро ягон пешомади хубе моро интизор нест.

Раисиҷумҳур то ба вазирону ҷонишинҳояшон нав нашуданд ва ягон корхонаи истеҳсолӣ ҳам ба кор надаромаду ягон тоҷик аз муҳоҷирати корӣ барнагашт ва агар баргашта бошад ҳам, муваққатан. Солҳои рукуд дар кишвари мо ҳукмрон аст. Ба ҳар гуна рӯзу шаби мо мегузарад. Умед бар он дорам, ки дар соли нав мӯъҷизае рух диҳаду мубораки он бар сари мардуми мо нурпошӣ кунад.
Бо арзи паёму салом
Нигина
---------------------------------------

Пас аз интихоби раисиҷумхур (2006 с.) дар соли нав дар Тоҷикистон метавон чанд чизро орзу кард. Вале орзуи ман яктост. Маҳалгароиро аз сатҳи боло (Хукумат) фаро хонем. Ин орзуе, ки заминаҳои амали нашуданаш дар ҳукумати ҷадиди Раҳмонуф бисёр устувор тарроҳӣ шуданд чи натоиҷе ба думбол хоҳад дошт?

Ҷойгузини Раҳмонуф
----------------------------------------


Салом, ҳамдиёрони азиз.
Ба умеди беҳбудӣ ва пешрафти Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар соли нави 2007.

Ба фикри ман, соли 2007 дар таҷрибаи зиндагонии мардум як қадам ба пеш хоҳад буд, чунки мардум мушкилотро диданд ва аз он ибрат хоҳанд гирифт. Аммо аз он муҳимтар ҳукумат ва ҳукуматдоронанд, ки қудрат ва масъулият доранд. Оё онҳо метавонанд, ба мардум беҳбудӣ ва пешрафт оваранд? Шахсан ман хушбин нестам, чунки таҷрибаи 14-солаи онҳо иборат аст аз ришва, маҳалгароӣ, зулму фишор ва ин ҳама садди роҳи пешравиҳо хоҳад шуд. Ба ҳар ҳол аз Худованди Пок умедо дорем, ки ба мардуми тоҷик раҳм кунад.

Аҳмадҷон
---------------------------------------


Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG