Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Тоҷикистон ба қатли Саддом Ҳусейн вокуниш нишон дод


Дар ҳоле ки эъдоми президенти собиқи Ироқ Саддом Ҳусейн дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон вокунишҳои гуногун ба амал овардааст, дар Тоҷикистон низ аз ин ҳодиса изҳори нигаронӣ кардаанд. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Игор Сатторов гуфт: "Дар шароити феълӣ манъи иҷрои ҳукми Додгоҳи олии ҷиноии Ироқ ва ё табдили он ба ҷазои дигар метавонист ба таҳкими назму субот дар Ироқ ва куллан минтақа кӯмак расонад."


Дар ҳамин мавзӯъ раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддини Кабирӣ гуфт: "Саддом Ҳусейн рамзи муборизаи исломӣ дар Ироқ ва ё ҷаҳон набуд. Аммо пеш иди мазҳабӣ, Иди қурбон эъдом кардан воқеъан як кори хеле аҷибе менамояд ва метавонад ӯро дар оянда ба як рамзи муборизаи мазҳабӣ табдил диҳад."


Вазорати корҳои берунаи Русия дар вокуниш ба эъдоми раҳбари пешини Ироқ изҳори таассуф кард ва ҳушдор дод, ки ин воқеъа метавонад ба бад шудани вазъият дар Ироқ боис гардад. Иёлоти Муттаҳида, Бритониё, Австралиё, Исроил ва Эрон муҳокима ва эъдоми Саддомро одилона номиданд.
XS
SM
MD
LG