Пайвандҳои дастрасӣ

"Аҳмадшоҳнома" -- манзумаи нави Мӯъмин Қаноат


Дар арафаи Соли нави масеҳӣ достони нави Мӯъмин Қаноат бо унвони «Аҳмадшоҳнома» таҳия шуд.

Устод Мӯъмин Қаноат дар сӯҳбати вежа ба Радиои Озодӣ гуфт, «Аҳмадшоҳнома» пас аз шабзиндарориҳои тӯлонии беш аз 10 сола навишта шудааст, вале ҳанӯз дар шакли китоб нашр нагардидааст. Пораҳои достон дар рӯзномаҳои кишвар ҳамакнун пешкаши ҳаводорони каломи ноб гардид.

«Аҳмадшоҳнома» мураттаб аз 250 мисраъ будаву ба иттилоъи устод Қаноат шояд кӯтоҳтарин достон аст.
«Аҳмадшоҳнома» аз 7 банд иборат буда, тақрибан ҳар банд дар вазни дигар ба риштаи каломи фасеҳ кашида шудааст. Достон дар баҳрҳои ҳазаҷи мусаддаси солим, ҳазаҷи мураббаъи солим, ва бар се вазни мухталифи дигар, таронаву наҷво ё арӯзи озод ва тағаззул навишта шудааст.

«Аҳмадшоҳнома» асари 11-уми устод Мӯъмин Қаноат, шоири тавонои достонсаройи тоҷик аст.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG