Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи доди як гурӯҳ сокинони маркази Душанбе ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон


Як гурӯҳ сокинони хиёбони Рӯдакӣ, дар маркази Душанбе, ки бино бар нақшаи генералии шаҳрдорӣ манзилҳои шахсияшон дар ҳудуди ҳалқаи нахустини пойтахт рост омадааст ва бояд, ки тахриб шавад, бо номаи эътирозӣ ба президенти Тоҷикистон муроҷиат кардаанд.


Бо супориши шаҳрдорӣ, ахиран намояндагони ҳукумати шаҳри Душанбе сокинони чанд кӯча дар марказро огаҳ кардаанд, ки манзилҳои онҳо дар ҳудуди ҳалқаи аввали пойтахт омадааст ва бояд то соли 2009 ин манзилҳо бояд тахриб шаванд.


Дар номаи худ ин гурӯҳи сокинони марказ гуфтаанд, ки аз қарори ахири шаҳрдорӣ дар мавриди тахриби манзилҳояшон мутааҷҷибанд. Зеро мувофиқи ин қарор, афроде, ки хонаҳои иборат аз ду ва зиёда ошёна иборат аст, пойдор боқӣ мемондаанд ва аммо хонаҳои якошёна тахриб мешаванд. Дар нома омадааст, ки ин хонаҳои яктабақа мутааллиқи мардуми зиёӣ, муаллимон, нависандаҳо, олимон ва нафақахӯрон мебошад ва ин табақаи мардум имкон надорад, ки барои худ хонаҳои баландошёна бунёд кунанд.


Лӯъбат Бурҳонова, яке аз ин имзогузаштаҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ӯ гуфтаанд, ба ивази манзилаш, ки беш аз 200.000 $ арзиш доштааст, дар маҳаллаи Ховарон, воқеъ дар канори пойтахт, танҳо 3 сотих замин хоҳад гирифт. Хонум Бурҳонова мегӯяд, Мо хонаҳоямонро намедиҳем ва агар ба зӯрӣ моро аз манзилҳоямон ронданӣ шаванд, мо худрову хонаҳомонро оташ мезанем.


Профессор Лола Исмоилова, ҳамсари олими саршиноси тоҷик, Қандил Ҷӯраев, сокини ҳамин маҳалла мегӯяд, ман бо ин нафақаи ночизе, ки ба ивази собиқаи беш аз 40 солаи корам дар соҳаи тиб мегирам, магар метавонам дар канори шаҳр рафта манзили нав бунёд кунам? Ба андешаи ман, ин амал нисбати мо зиёиён ва бознишастагон бисёр ҳам амали носавобу ноодилона мебошад.


Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдории Душанбе дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, мардум набояд ба воҳима дода шаванд, зеро ин тарҳ чизи наву ногаҳонӣ нест, балки он ҳанӯз солҳои Шӯравӣ тарҳрезӣ шуда буд.


Ва аммо нависандаҳои номаи дод аз раиси ҷумҳур Раҳмонов хоҳиш кардаанд, то онҳоро аз ин «бесомонӣ» ҳимоя кунад. Онҳо гуфтаанд, дар сурате, ки агар тадобире андешида нашавад, онҳо фикр хоҳанд, ки ин нома то ба дасти раиси ҷумҳур нарасидааст ва онҳо ба ниҳодҳои олии додгоҳӣ ва созмонҳои байнулмилали ҳимоя аз ҳуқуқи инсон муроҷиат хоҳанд кард.


Зери ин нома аъзои 16 хонаводаи маскун дар хиёбони Рӯдакӣ имзо гузоштаанд.
XS
SM
MD
LG