Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷеймс Браун -- Падархудои "soul"


Даргузашти овозхони машҳури сиёҳпӯсти Амрико Маънии аввали "soul" рӯҳу равон ва ё ҷон аст ва ҳамчун жанри мусиқӣ дар пайвандгоҳи мусиқии блюз ва хонаданҳои калисоӣ дар охири солҳои 50-ум дар Амрико зуҳур кард.

Дар Амрико овозхони машҳур Ҷеймс Браун, ки "падархудои таронаҳои дилангез" лақаб дошт, дар синни 73-солагӣ аз ҷаҳон даргузашт. Ин касе буд, ки дар таърихи мусиқии Амрико нақши амиқ гузошт ва бо садои худ ҳазоргуна бозӣ кардаву сабки вижаеро ба дунё овард.

Ҷеймс Браун, тибқи хабарҳо, рӯзи якшанбе аз илтиҳоби шуш бистарӣ шуд, вале сабаби марги ӯ ҳанӯз расман эълон нашудааст. Тайи даҳсолаҳо Браун дар олами мусиқӣ ҳамчун як ихтироъгаре шӯҳрат дошт, ки бо ҳунари худ ба ҳамаи риштаҳои созу овоз таъсир гузошт.

Ҷеймс Браун, дар 15-солагӣ мактабро партофта, ба хонандагӣ машғлу шуд, зиёда аз 50 маҷмӯъаи суруд нашр кардааст, Вай дар соли 1992 барои дастовардҳои умри худ ба Ҷойизаи Граммӣ нойил гашт.

Браун муносибати бепарвоёна, аммо ошиқонаро ба зиндагӣ шиъор карда буд ва ин шиъори ӯро ҳазорон нафар дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон пазируфтанд. Дар поёни солҳои шастум Маҷаллаи Лук ӯро "муҳимтарин марди сиёҳпӯсти Амрико" номида буд.
XS
SM
MD
LG