Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Решаҳои таърихии русу тоҷик


Забоншиноси тоҷик Шомат Ҳайдаров, ки даҳ соли ахир дар вилояти Перми Русия ба сар мебарад, дар ҳамдастӣ бо донишмандони рус рисолае иштишор кард, ки дар он аз пайванди таърихии мардуми тоҷику рус ҳарф меравад. Китоби олими муҳоҷири тоҷик Шомат Ҳайдаров «Пайи пойи тамаддуни ориёиҳо дар рӯдхонаи Кам » ном дорад.

Бино ба таҳқиқҳои анҷомдодаи Ҳайдаров, дар сарзамини паҳновари рус садҳо маҳал номи тоҷикӣ доранд. Ба қавли донишманд, ин паёмест аз пайванди қавмӣ ва таърихии мардуми ҳиндуаврупоӣ.

Раҳматулло Мазориев, яке аз хонандагони нахустини рисолаи «Пайи пои тамаддуни ориёӣ дар рӯдхонаи Кам» мегӯяд, нашри ин китоб барои қаробати маънавии мардуми бумӣ ва теъдоди бузурги муҳоҷирони тоҷик дар минтақа арзиши зиёд дорад. Ӯ гуфт, Рисолаи Ҳайдаров донимандони минтақаро беш аз дигарон мутаваҷҷеҳ кард

Мо хостори сӯҳбати мустақим бо муаллифи рисола будем, аммо Раҳматулло хабар дод, ки Ҳайдаров барои дифоъи рисолаи докторӣ дар Душанбе ба сар мебарад.

Мӯҳтарами Ҳотам, яке аз пажӯҳишгарони саршиноси пайванди таърихии мардумони иронитабор ва славиянӣ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ таҳқиқоти забоншиноси муҳоҷири тоҷикро арзишманд арзёбӣ кард. Вай гуфт, 80 дар сади номҳои маҳалҳои Русия решаи ҳиндуаврупоӣ доранд.

Ба навиштаи хабарнигори рус Алексей Черних, Шомат Ҳайдаров барои таъмини рӯзгори хонаводааш дар бозор кор мекунад, ҳамзамон робитаи худро аз илм накандааст ва маҳз ҳамин нукта таваҷҷӯҳбарангез аст, зеро дар ду ҷабҳае, ки яке ба арқом такя дорад ва дигаре ба мантиқ қаҳрамон будан осон нест.

Олими муҳоҷири тоҷик Шомат Ҳайдаров тайи замони будубошаш дар Русия рисолаҳои «Фарҳанги тафсирии номҳои иронӣ» « Номҳои мардона ва занонаи тоҷикони Фарғона» «Лақабҳои мардуми Ашт» «38 ҳазор номи иронӣ»-ро аз дасти чоп баровардааст. «Фарҳанги тафсирии номҳои иронӣ» 1500 саҳифа дорад ва натиҷаи шабзиндадориҳои тӯлонист. Дар ин робита Шомат Ҳайдаров ба Алексей Черних, хабарнигори рус бо лутф гуфтааст, беҳтарин фасли сол дар Перм зимистон аст, шаб зуд фаро мерасад, ҳаво сард мешавад. Бо риштаи таҳқиқ шомро метавон бо субҳ пайвас бо хондан ва навиштан.

Шомат Ҳайдаров аз шумори он донишмандони овораи тоҷик аст, ки барои ҳифзи ҳуввияти миллии мардуми хеш аз газанди фарҳангфарсоии бегонагон дар ғурбат рузу шабро аз миён бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG