Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши ҶИЭ ба тасвиби қатъномаи Шӯрои амнияти СММ


Эрон гуфт,чун вокуниши сареъ ба қатъномаи Шурои амнияти СММ аз рузи якшанбе насбкунии се ҳазор сентрифугаро дар Натанз, коргоҳи махсуси ғанисозии ураниум шуруъ мекунад.


Қатъномае, ки рузи шанбе қабул шуд, Эронро барои мухолифаташ дар хатми фаъолиятҳои ғанисозии ураниум таҳрим мекунад.


Чунин изҳорот рузи якшанбе аз ҷониби раҳбари ҳайати музокиротии Эрон Алии Лориҷонӣ садо дод, ки дар нашрияи "Кайҳон" ба чоп расид. Насбсозии се ҳазор сентрифуга як иқдоми муҳими Эрон дар роҳи ғанисозии ураниум бо ҳадафҳои саноатӣ хоҳад буд.


Ғарб мегуяд, дар сурати идомаёбии ин фаъолиятҳо, Эрон метавонад барои тавлиди бомбаи атомӣ омода шавад. Теҳрон чунин иттиҳомотро рад кардааст, ҳарчанд, ҳоло дар коргоҳи Натанз ду каскади иборат аз 164 сентрифуга ҷо дода шудааст.


Рузи якшанбе Маҳмуди Аҳмадинаҷод қатъномаи СММро чун як коғази беаҳамият рад кард ва гуфт, ки аъзои шурои амнияти СММ барои таҳрими Эрон таассуф хоҳанд хурд:
XS
SM
MD
LG