Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ленин дар Хуҷанд


- Муҷассамаи аз ҳама гароннарх дар Тоҷикистон кадом аст?

- Чаро ҳокимони шаҳру навоҳӣ ғайриқонунӣ ҳайкалсозӣ мекунанд?

- Шумори ҳайкали кӣ аз ҳама бештар аст: аз Ленин, доҳии пролетариатҳои ҷаҳон, ё Исмоили Сомонӣ, асосгузори давлати тоҷикон?

- Чаро пайкараҳои Ленин арзиши фарҳангӣ надоштаанд?

- Бизнеси ҳайкал оё ҷавобгарии ҷиноӣ надорад?

- Аҳволи тасодумии муҷассамаҳои камшумори водии Рашт оё касеро нигарон намекунад?

- Коҳиши эҳтирому гулгузорӣ дар пояи муҷассамаҳоро чӣ боис?

- Чӣ шуд, ки сутуни ёдгории Истиқлол дар Хуҷанд ҳайкали Ленинро пушти сар гузошт?

- Оё осорхонаи Гурминҷ Завқибеков, ки он ҷо нодиртарин асбобҳои мусиқӣ гирдоварӣ шудаанд, тахриб мешавад?


Агар ин саволҳо таваҷҷӯҳи шуморо ҷалб карданд ва агар алоқаманди фарҳангу адаб ва андешаи тоза ҳастед, мехоҳед дар бораи вазъ ва мушкилоти ба истилоҳ, «одами сангӣ», яъне ҳайкалу нимпайкараҳо дар Тоҷикистон иттилоъи бештар дарёфт кунед, аз сӯҳбат бо шумо хушнудам.

Панҷ сол қабл, вақте Қаҳрамони Тоҷикистон шоир Мирзо Турсунзода 90-сола шуд, дар майдони марказии шаҳри ҳамномаш Турсунзода муҷассамаи ӯро гузоштанд. Аммо ин пайкара табъи кам касеро, ки Турсунзодаро мешинохт, болида намуд, балки ҳатто фарзанди шоир Масъуд Турсунзода аз ин ки ин муҷассама ба падараш билкул монанд нест ва бо хатоҳо офарида шудааст, шадидан норозигӣ баён кард. Воқеан, бо гузашти чанд соли баъд аз ин ҳодиса ва чанд соли пеш аз он ҳам мушоҳада шудааст, ки дар шаҳру навоҳии кишвар ҳайкалу нимпайкараҳое бунёд мешаванд, ки аз лиҳози сифат ва бадеият дар сатҳи пасти касбӣ қарор доранд. Мақомот шумори ин қабил муҷассамаҳоро ба чанд ҳазор тарҷеҳ медиҳанд.

Ҳатто миёни ҳолдонҳо чунин сару садо ҳам ба миён омадааст, ки масалан, дар Панҷакент муҷассамаи Исмоили Сомониро сохта, дидаанд, ки ба Шоҳи давлати Сомониён монанд нест, даст афшонданду онро Деваштич ном карданд. Дар омади гап, Вазорати фарҳанг азм дорад, ҳамин ҳайкали Деваштич дар Панҷакентро низ бинобар бесифат буданаш тахриб кунад.

Ҳоло Вазорати фарҳанг танҳо қариб 190 муҷассамаву нимпайкара ва сутунҳои ёдгоририро сабтином карда ва ҳифозати онро ба дӯш гирифтааст. Ва аммо дар чанд соли ахир, тибқи маълумоти расмӣ беш аз 30 ҳайкалу нимпайкара дар қаламрави ин кишвар ғайриқонунӣ бунёд шудааст.

Музаффар Азизов, масъули бахши ҳифзи ёдгориҳои меъморию муҷассамаҳо ва ташхиси бадеии вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, бо ин вуҷуд ки бо талошҳои бардавом қарори ҳукумати Тоҷикистон дар бораи танзими лоиҳакашии ҳайкалҳо судур шудааст, аммо иддае аз ҳайкалсозон ва мақомоти расмии шаҳру навоҳӣ ба бунёди муҷассамаҳои пастсифату ғайриқонунӣ даст мезананд.
------------------------------------------
Барномаи комили «Фарҳанг ва андеша»-ро агар шунидан мехоҳед, ба рамзи радиоча ангушт занед.
XS
SM
MD
LG