Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ёдбуди Александр Кирсанов


Ҳамчунин дар ин мусобиқот 13 дастаи собиқадорони футболи тоҷик ширкат меварзанд.
Дар ин бора Дамир Камолиддинов, сардовари ин мусобиқот ба Радиои Озодӣ хабар дод. Вай афзуд: «Александр Кирсанов дар дастаҳои машҳури «Помир»- Душанбе, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Ирригатор»-и Душанбе бозӣ кардааст. Мусобиқот ба хотираи ин футболбози маъруф бори понздаҳум баргузор мешавад.
Аз ҳар як гурӯҳ ду дастаи беҳтарин барои ширкат дар давраи ниманиҳоӣ роҳ меёбанд.Барандаи Ҷоми ёдбуди Александр Кирсанов дар бозии ниҳоӣ рӯзи 27 декабр муайян хоҳад шуд.»


Ва як хабари дигар. Бино ба иттилоъи Зокирҷон Бобораҳимов, мураббии гуштигирони тоҷик дар ин мусобиқот, ки дар риштаи гуштии озод бо ширкати 320 варзишгар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд, Тоҷикистонро панҷ гуштигири вилояти Суғд намояндагӣ карданд. Валӣ Шарифов дар рақобатҳо дар вазни то 96 килограмм мақоми аввалро касб кард. Бародари ӯ - Алӣ Шарифов дар вазни то 120 килограмм беҳтарин гуштигири ин мусобиқот гардид. Боз як гуштигири навҷавони тоҷик Некрӯз Абдуназаров дар вазни худ пирӯз шуд. Боирҷон Зокирӣ ва Исҳоқ Мирзоев бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.
XS
SM
MD
LG