Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарёфт ва мусодираи маводи мухаддир дар шимоли Тоҷикистон....


МИ

Оҷонси назорат ба гардиши маводи мухаддир дар вилояти Суғд зимни як амалиёти густарда дар маҳаллаи Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар субҳи рӯзи панҷшанбеи 21 декабр аз як сокини ин маҳал 140 кило маводи мухаддирро, ки чил килои онро ҳероин ташкил медиҳад, дарёфт ва мусодира кард.


Икром Аҳмадов, корманди Оҷонси мазкур гуфт, алҳол, ба хотири халал ворид насохтан ба тафтишот аз фарди боздоштшуда ном намебарад ва номи дигар афроди ҳамдаст дар қочоқи ин миқдори бузург маводи мухаддирро ҷараёни минбаъдаи тафтиш ошкор хоҳад сохт.


Дар соли равон ин барои аввалин маротиба аст, ки чунин миқдори бузурги маводи мухаддир дар шимоли Тоҷикистон аз дасти қочоқгарон дарёфт ва мусодира карда шудааст. Ба гуфтаи Акбар Адҳамов, сарнозири Оҷонси назорат ба гардиши маводи мухаддир дар вилояти Суғд, аз сӯи тамоми ниҳодҳои масъул дар ёздаҳ моҳи соли равон аз дасти қочоқкунандаҳо дар минтақаи шимолии Тоҷикистон беш аз 370 кило навъҳои гуногуни маводи мухаддир дарёфт ва аз гардиши ғайриқонунӣ боздошта шудааст.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG