Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Осиё: гурӯҳҳо муайян шуданд


Бар асоси қуръакашӣ 16 тими миллии кишварҳои қора ба чаҳор гурӯҳ тақсим шуданд. Ба гурӯҳи «А» - Тайланд, Австралиё, Уммон ва Ироқ, ба гурӯҳи «В» - Вйетнам, Ҷопон, Қатар ва Имороти Муттаҳидаи Араб, ба гурӯҳи «С» - Малайзиё, Ирон, Узбакистон ва Чин, ба гурӯҳи «D» - Индонезия, Куриёи Ҷанубӣ, Арабистони Саъудӣ ва Баҳрайн дохил шуданд.

Бузургтарин мусобиқоти қораи Осиё дар риштаи футбол аз 7 то 29 июли соли 2007 дар Тайланд, Вйетнам, Малайзиё ва Индонезия баргузор мешавад. Аз ҳар гурӯҳ ду тими беҳтарин ба давраи чаҳорякниҳоӣ, ки 21 ва 22 июл доир мегардад, роҳ меёбанд. Бозиҳои ниманиҳоӣ 25 июл дар Малайзиё ва Вйетнам ва бозии ниҳоӣ 29 июл дар пойтахти Индонезия - шаҳри Ҷакарта баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG