Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навъи нави қурбоққа кашф шудааст


Табиатшиносон мегӯянд, ки дар ҷазираи Борнео воқеъ дар ҷанубу шарқи Осиё 52 навъи ҷонварон ва рустаниҳои то кунун номаълумро пайдо кардаанд.

Созмони ҷаҳонии табиати зинда хабар дод, ки он ҷонваронро дар ҷараёни таҳқиқ аз моҳи июли соли 2005 то моҳи сентябри ҳамин сол пайдо кардаанд.

Аз ҷумла, 30 намуди номаълуми моҳӣ, ду навъи қурбоққа ва рустаниҳои дигар кашф шудааст. Созмони ҷаҳонии табиати зинда мегӯяд, ки ин кашфиёт зарурати ҳифзи ҷангалҳои ҷазираи Борнеоро ба миён меорад, ки дарахтони онро барои тавлиди равған ва корҳои дигар пайваста мебуранду медузданд.
XS
SM
MD
LG