Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайъати нави ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шуд


ақ

Порлумони Тоҷикистон ҳайъати нави ҳукумати кишварро, ки аз сӯи раиси ҷумҳурӣ пешниҳод шудааст, тасдиқ кард. Ҳар узви нави кобина ба вакилон муаррифӣ гашт, вале бидуни музокира ва тақрибан ба пурсишу посух миёни вакилон ва вазирон, салоҳияти онҳо пазируфта шуд.


Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов гуфт, бо ин ҳайъати худ ҳукумат Стратегияи рушди миллии кишвар барои солҳои 2007- 2015 таҳия мекунад, ки дар моҳи апрели соли оянда ба порлумон пешниҳод хоҳад шуд. Вай роҳи раҳоӣ аз бунбасти нақлиётӣ, коҳиши бамаротиби мизони қарзи хориҷӣ барои дарёфти сармояи хориҷӣ, сохтмони нирӯгоҳҳои обии барқӣ ва ҳамин тавр фароҳам кардани шароити рушди ҷаҳонгардиро аз аҳдофи ҳукумати нав унвон кард.


Муҳиддини Кабирӣ, вакили Маҷлиси намояндагон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон зимни суханронӣ бо ишора ба ташкили кобинаи нави ҳукумат бидуни ҳузури намояндагони мухолифини пешин гуфт, аз онҳо мехоҳад, арзишҳои миллӣ, динӣ ва демократиро ҳифз кунанд.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG