Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғаффор Мирзоев гуруснашинӣ эълон кардааст


Хабаргузориҳои Тоҷикистон ба нақл аз вакили дифоъи Ғаффор Мирзоев, раиси пешини Оҷонси мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мегӯянд, Мирзоев дар маҳбас гуруснанишинӣ эълон кардааст. Абдуқаюм Юсуфов гуфтааст, Мирзоев ба нишони эътироз аз он ки наметавонад, бо пайвандонаш мулоқот кунад, даст ба ин иқдом задааст. Гузашта аз ин, хешовандони Мирзоев шикоят кардаанд, ки мақомоти маҳбас аз расондани ғизое, ки наздикон барояш мебаранд, низ сарпечӣ кардаанд.

Юсуфов мегӯяд: "Дар ҳоле ки дар гузашта ҳафтае ду ё се бор ба Мирзоев туша расонда мешуд, ҳоло танҳо моҳе як бор чунин имконият дода шудааст." Ба иттилоъи хабаргузории "Авесто", худи вакил охирин бор бо шахси зери ҳимояти худ як ҳафта пас аз эълони ҳукми ӯ мулоқот кардааст.


Ғаффор Мирзоев дар 11-уми август бо истифода аз 30 банди қонуни кайфарии Тоҷикистон, аз ҷумла таҳияи табаддулоти мусаллаҳона, куштор, нигаҳдошти ғайриқонунии силоҳ ва сирқати амволи давлат, ба ҳабси абад маҳкум шудааст.
XS
SM
MD
LG