Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти эътирозгарон дар Конибодом


Хуҷанд. Маъсуми Муҳаммадараҷаб

Пулиси шаҳри Конибодом бо тақозои ҳукумати маҳал дар рӯзҳои чаҳоршанбеву панҷшанбе 5 шахси эътирозкунанда аз набуди барқу газ дар ин маҳалро боздошт кардааст.


Як сокини Конибодом дар рӯзи панҷшанбеи 14 - уми декабр ба хабарнигори Радиои Озодӣ ба Хуҷанд занг зад ва бидуни номи худ гуфт, боздошти 5 нафар дар ҳоле сурат гирифт,ки як гурӯҳи сокинони маҳаллӣ иборат аз тақрибан 70 нафар барои шикояти дастҷамъӣ аз набуди барқу газ дар хонаҳои зисташон дар назди ҳукумати Конибодом ҷамъ омаданд: «Як гурӯҳ мардум аз набудани барқ, набудани газ ба ҳукумати шаҳр барои шикоят рафтанд, панҷ нафари онҳоро боздошт карданд, кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ. »


Мусоҳибам афзуд, пулиси Конибодом гуфтааст, агар минбаъд ҳам шикояти боздоштшудагон давом ёбад, онҳоро ба ҳабс хоҳад гирифт. Ба гуфтаи вай, он чи одамонро ба шикоят водор кардааст, на танҳо камбуди барқу газ, балки тақсими нобаробари он дар байни аҳолист: «Албатта, мо мефаҳмем, ки дар Сангтӯда корҳои сохтмонӣ давом дорад ва набуди барқ аз ҳамин аст. Аммо одамон мебинанд, ки хонаҳои одамони мансабдор, бизнесменҳои бақувват шабу рӯз, чор фасли сол барқ дорад, газ ҳам дорад. Аммо хонаҳои одамони оддӣ - не. Аз ин мардум ба ғазаб омада истодааст.»


Аммо дар ҳамин ҳол мақомоти ҳукумати Конибодом руй додани чунин - як ҳодисаи шикоят ва боздошти одамонро дар пайи шикояти онҳо аз камбуди барқу газ рад карданд. Дар ҷавоб ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи ҳодисаи мазкур Маҳмуд Воҳидов - корманди идораи шаҳри Конибодом гуфт, ки аслан дар ин бора хабаре надорад.


Ба гуфтаи оқои Воҳидов дар ин шабу рӯзҳо барқ ва газ ба манзили конибодомиён, чун дар манотиқи дигари Суғд ду соатӣ дар субҳ ва шом интиқол карда мешавад.Вале ба гуфтаи сокинони ин маҳал бархе аз кӯю маҳаллаҳои Конибодом комилан аз барқ ва газ маҳруманд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG