Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши қимати масрафи газ дар Тоҷикистон


yv

Шурӯъ аз моҳи январи соли 2007 қимати масрафи газ дар Тоҷикистон барои аҳолӣ мутаносибан 30- 40 дарсад афзоиш меёбад. Ширкати гази Тоҷикистон дар тавзеҳи ин хабар гуфтааст, чунин тасмим дар пайи то 100 доллари амрикоӣ боло рафтани ҳар ҳазор метри мукааб газ, ки аз Узбакистон содир мешавад, гирифта шудааст.


Бино ба иттилоъи Ширкати гази Тоҷикистон, шурӯъ аз соли 2007 ҳар узви хонаводае,к и бидуни ҳисобкунак газ истеъмол мекунад, барои истифодаи моҳонаи он бояд 10 сомонӣ пардохт намояд. Қаблан, қиммати газ барои ҳар нафар узви хонавода дар Тоҷикистон 6 сомонӣ таъйин шуда буд.


Ширкати гази Тоҷикистон афзудааст, талоши ин ниҳод барои коҳиши қимати газ бо ҷониби Узбакистон то кунун бенатиҷа будааст. Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад, Тоҷикистон бинобар афзоиши қиммати гази Узбакистон дар соли 2007 имкон дорад, танҳо аз ин кишвар на беш аз 650 миллион метрии мукааб газ харидорӣ кунад.


Ва дар ҳамин ҳол, мақомоти ширкати гази Тоҷикистон гуфтаанд, шаҳрвандоне, ки аз пардохти ҳаққи истифодаи газ худдорӣ мекунанд, аз интиқоли ин навъи сӯзишворӣ маҳрум хоҳанд шуд. Тибқи ҳисоботи ахири ширкати мазкур танҳо дар шаҳри Душанбе аз 80 ҳазор истифодабаранда, ҳамагӣ 20 ҳазор нафар ҳаққи истифода аз газро пардохт кардаанду халос.


Бо ин вуҷуд Ширкати гази Тоҷикистон интиқоли гази табиӣ ба аҳолиро афзоиш додааст. Ба гуфтаи мақомоти ин ширкат, қарор аст, то 25 дар сади гази таҳвилмешуда ба ширкати гармидиҳии Душанбе коҳиш ёбад ва захираи он ба сокинон интиқол шавад.
XS
SM
MD
LG