Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Туркия тасмими Аврупоро ноодилона мехонад


Нахуствазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон тасмими вазирони умури хориҷаи Иттиҳоди Аврупоро оид ба кундшавии музокироти узвияти Анкара дар ин ниҳодро чун як амали ноодилона маҳкум кард.


Ду рӯзи пеш вазирони хориҷаи ИА тасмим гирифтанд, ки аз 35 бахш 8 бахши мавриди музокира бо Туркияро масдуд кунанд ва бо ин роҳ Туркияро барои боз накардани бандарҳои тиҷоратиаш бо Қибрис муҷозот кунанд.


Нахуствазир Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар муроҷиати телевизиониаш ба мардуми кишвараш бо изҳори таассуф гуфт, ки равобити Туркияву Иттиҳоди Аврупо як имтиҳони ҷиддиро сипарӣ мекунад. Аммо ӯ гуфт, ки Туркия барои анҷоми ислоҳоти зарурӣ барои омодагӣ ба пазируфта шуданаш ба ҳайати Иттиҳоди Аврупо фишор хоҳад овард.


Қарор аст, тасмими расмии Иттиҳоди Аврупо дар нишасти рузҳои 14-15-уми декабр ба тасвиб расад.
XS
SM
MD
LG