Нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов аз мавзеъи сохтмони ниругоҳи Сангтӯда-1, 110-километрии ҷанубу шарқи Душанбе дидан кард. Ҳоло сохтмони нақбҳои обгузари ин нирӯгоҳ анҷом ёфта ва қарор аст, 15 декабр маҷрои рӯди Вахш дар мавзеи бунёди сарбанди «Сангтӯда-1» баста шавад. Интизор меравад, дар маросими садбандии дарёи Вахш раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ҳамроҳ бо раиси ширкати «РАО ЕЭС»-и Русия Анатолий Чубайс ширкат варзанд.
Ва аммо дар робита ба садбандии рӯди Вахш сар аз шоми рӯзи гузашта дар шаҳри Душанбе ва пештар аз ин, дар манотиқи дигари Тоҷикистон барқ аз рӯйи меъёр интиқол меёбад. Хуршед Акбаров, корманди навбатдори муассисаи таъмини барқи Душанбе дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар пойтахти Тоҷикистон то гузаштани бӯҳрони барқ ҳафт соат дар як рӯз, аз соати 23.00 то соати панҷи субҳ барқ интиқол дода намешавад. Инчунин барқ ба корхонаву муассисаҳои пойтахт низ бо меъёри таъйиншуда интиқол мешавад. Ва аммо дар бархе аз маҳаллаҳои шаҳр, ҳатто баъд аз анҷоми лимит низ барқ набуд.
Ва аммо дар рӯзи ҷумъаи 15 декабр интиқоли барқ дар саросари кишвар мутаваққиф хоҳад шуд. Мушкили бебарқӣ бори зиндагии сокинони пойтахти Тоҷикистонро низ вазнинтар мекунад.
Ширкати обу корези Душанбе мегӯяд, ҳарчанд ин ниҳод ҳамеша бо нирӯи барқ таъмин аст, аммо дар рӯзҳои бебарқӣ наметавонад сокинони ин шаҳрро пурра бо оби нӯшиданӣ таъмин намояд. Маҳкамбой Ғайбуллоев, муҳандиси корхонаи мазкур гуфт, об ба хонаҳои баландоёна намебарояд ва танҳо 40 дар сади аҳолӣ дар ҳоле ки барқ хомӯш шавад, бо оби нӯшокӣ таъмин мешаванду халос.
Гуфта мешавад, интиқоли барқ аз рӯйи меъёр дар шаҳри Душанбе то қариб як ҳафтаи оянда идома мекунад. Аммо ин дар ҳолест, ки дар манотиқи дигари Тоҷикистон интиқоли ҳамагӣ чанд соати барқ дар як рӯз, ҳанӯз 15 рӯз қабл шурӯъ шуда буд.