Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зилзилаҳои ғайриоддӣ дар Ишкошими Бадахшон


Такрор ёфтани заминларза, дар деҳаи Багуши ноҳияи Ишкошим,ки дар маҳалҳои гирду атроф эҳсос нашудааст, сокинони онро нигарон сохтааст. Рӯзноманигор Фаррухи Саидҳасаншоҳ изҳор дошт,ки вай дар зодгоҳаш деҳаи Багуш шоҳиди ҳаводиси ахири заминчунбӣ гардидааст. Вай гуфт: "чаҳор маротиба замин ҷунбид.Такони замин аз дарун эҳсос мешавад, гуё вулқон бошад".

Аммо бархе аз сокинони деҳа баён доштанд, ки вуқӯъи заминларза, ки дар оғоз мардумро ба таҳлука андохт, ҳоло барои онҳо ба як ҳодисаи муқаррарӣ табдил ёфтааст: " Дар аввал мардум ба тарсу харос афтоданд, зеро заминчунбӣ даҳшатнок буд. Ҳатто шаб хоб намекардем. Аммо оҳиста-оҳиста ҳама ба он одат карданд".

Қаблан дар пайи такон хурдани замин, ки фақат дар як маҳал эҳсос мешуд, сокинон ба манзури муайян кардани сабабҳои он ба ситоди ҳолатҳои изтирории Бадахшон муроҷиъат кардаанд.

Сардори ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи вилояти Бадахшон Султонназар Холиқназаров гуфт,ки онҳо дар ҳамкорӣ бо мутахассисони сарраёсати геологияи ҷумҳурӣ вуқӯъи заминҷунбии ғайриоддиро, ки танҳо дар маҳалли мазкур ба вуқӯъ мепайвандад, мавриди таҳқиқ қарор додаанд, аммо афзуд имконоти фаннии муайян кардани сабабҳои онро надоранд.

Сардори ситод изҳор дошт,ки интизор меравад, рӯзҳои наздик коршиносони сарраёсати геология хулосаҳои пешакии худро оиди вуқӯъи ин заминҷунбии ғайриоддӣ эълон кунанд.

Вай афзуд тибқи яке аз фарзияҳои мутахассисон минтақаи Ишкошим макони обҳои гарм аст ва шояд ҷараёнҳои зеризаминии марбут ба пайдоиши чашмаҳои нави табиъӣ сабаби ларзиши замин дар ин маҳал буда бошад.

Дар ҳамин ҳол созмони байналмилалии амрикоии Фокус дар Хоруғ, ки расидагӣ ба ҳолатҳои изтирориро ҳадафи хеш қарор додааст,бо назардошти вуқӯъи хатари эҳтимолии табиъӣ 17-хайма, 17-оташдон ва ба миқдори кофӣ болопӯши гармро дар ихтиёри сокинони маҳал қарор додааст.
XS
SM
MD
LG