Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари Литвиненко: "Фарзанди ман мусалмон аз дунё рафт"


То ҳанӯз рӯзи дафни Литвиненко эълон нашудааст, вале аъзои оилаи ин собиқ ҷосуси рус, ки моҳи гузашта бар асари заҳролудшавӣ бо модаи радиоактиви полониум 210 дар Лондон ба ҳалокат расидааст, мегӯянд, ӯ дар бистари марг дини Исломро қабул намуда, хоҳиш кард, ки бар пояи анъанаҳои мусулмонӣ ба хок супурда шавад.

Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ падари Александр Литвиненко Валтер Литвиненко ҳодисаро ба ёд овард:

"Ду рӯз пеш аз маргаш ӯ дар ин бора ба ман иттилоъ дод. Ӯ гуфт: "Падар ман мехоҳам бо Шумо як масъалаи ҷиддиро арзёбӣ кунам. Ман мусулмон шудам." Ман ба ӯ гуфтам: "Писарам ин кори шахсӣ аст. Барои ман муҳим аст, ки коммунист ва ё пайрави иблис набошӣ." Ман худам мусулмонам, вале набераам, ки падараш кабардин мебошад, мусулмон аст. Ҳамчунин шавҳари духтарам мусулмон мебошад. Мо Худоро гум накардаем. Мо ба Худо имон дорем. Вале чӣ гуна мо Худоро мепарастем ва бо кадом васила ба ӯ ибодат мекунем, масъалаи шахсии ҳар кас аст."

Валтер Литвиненко мегӯяд, қабл аз он ҳам писараш аз калисои православи рус дилсард шуда, эҳтимоли рӯ оварданаш ба дини Исломро матраҳ карда буд.

Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ Аҳмад Закаев, яке аз пешвоёни ҷудоихоҳони чечен ва дӯсти Литвиненко тасдиқ кард, ки собиқ ҷосуси рус чанд рӯз пеш аз марг дини Исломро қабул кард.

Ба гуфти Закаев, Литвиненко аз ӯ хоҳиш кард, ки ба шифохона мулло даъват кунад. Бо иҷозати ҳамсари Литвиненко, Закаев ба шифохона имоми яке аз масҷидҳои Лондонро даъват кард ва дар ҳузури ӯ Александр Литвиненко калимаи шаҳодатро ироа намудааст.

Дар ин байн гуфта мешавад, муфаттишони британиявӣ мехоҳанд, се шаҳрванди Русияро, ки эҳтимол дар бораи заҳролудшавии Литвиненко иттилоъ доранд, бозпурсӣ намояд. Андрей Луговой, Дмитрий Ковтун ва Вячеслав Соколенко якуми ноябр дар меҳмонсарои Лондон бо Литвиненко вохӯрда буданд. Баъди ҳамон мулоқот Литвиненко бемор шуд, вале ҳар се мегӯянд, ки дар марги Литвиненко ҳеҷ нақше надоранд. Бар илова табибон дар ҷисми собиқ афсари хадамоти федералии Русия Андрей Луговой осори полониум 210-ро ташхис намудаанд ва шояд ба мулоқоти ӯ бо муфаттишони британиявӣ мухолифат кунанд.

Хадамоти назорати маҳбасҳои Русия хабар дод, ки ба муфаттишони британиявӣ имкони бозпурсии Михаил Трепашкинро фароҳам нахоҳад овард. Собиқ афсари хадамоти кашфи Русия Трепашкин ба воситаи вакилаш аз маҳбас иттилоъ додааст, ки дар бораи куштори Литвиненко маълумот дорад.

Ҳамчунин муфаттишони Скотланд Ярди Британия дар ИМА бо собиқ ходими КГБ Юрий Шветс сӯҳбат карданд. Шветс мегӯяд, ӯ ба муфаттишон номи қотили Литвиненкоро ошкор намудааст.

Дар иртибот бо марги Литвиненко баъзе рӯзномаҳои британиявӣ номи собиқ афсари хадамоти кашфи Русия Валентин Величко ва созмони зери раҳбарии ӯро хотирнишон кардаанд, вале дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ собиқ ҷосуси Русия Олег Гордиевский иброз дошт, ки куштори Литвиненко маҳорати баланди касбиро талаб мекард ва фақат КГБ ё худ вориси он Хадамоти кашфи берунии Русия (СВР) аз ӯҳдаи ин амалиёти душвор баромада метавонист:

"Амалиёт тибқи меъёрҳои баландтарин амалӣ шуд, вале онҳо як омилро мадди назар нагирифтанд, ки Британия ба мисли ИМА таҷҳизоти фавқулодда хуб дорад. Ин таҷҳизот ба онҳо имкон дод, ки масири ташкилкунандагони кушторро муайян кунанд. Муайян кунанд, ки онҳо аз Маскав ба воситаи кадом парвоз омаданд ва бо кадом роҳ баргаштаанд."

Литвиненко ва наздикони ӯ бовар доранд, ки куштори собиқ ҷосуси Русияро Кремл ва ба вижа собиқ корманди хадамоти кашф-президенти Русия Владимир Путин ташкил кардааст. Вале Маскав ин айбномаро қотеона рад менамояд.

Дар ҳамин ҳол, Гордиевский ҳеҷ шубҳа надорад, ки тарҳрези куштори Литвиненко хадамоти амнияти Русия аст. Ба гуфти Гордиевский, ҳоло ба ҷои Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ ҳизби ходимони амниятӣ рӯи кор омадааст ва чизе ин ҳизб хоҳад ҳамон мешавад. Собиқ ҷоусуси Шӯравӣ меафзояд, аз президенти Русия сар карда, то сарвазиру муовинонаш ва аксари кулли вакилони Думаи Давлатӣ ҳама ходимони амниятии Русия ҳастанд.
XS
SM
MD
LG