Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози ҷашнвораи филмҳо дар мавзӯъи муҳоҷират дар Осиёи Марказӣ


Нахустин ҷашнвораи филмҳои доир ба ҳуқуқи инсон ва муҳоҷират, ки дар Қазоқистон оғоз шуд, пас аз идома дар Қирғизистон моҳи январ ба Тоҷикистон мерасад.


Дар ин ҷашнвораи байналмилалӣ таҳти унвони "Ҳуқуқ дар мазҳари тавваҷӯҳ" филмҳое ба намоиш дармеоянд, ки воқеиятҳои муҳоҷират дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Аврупову Амрико инъикос мекунанд.


Ҳамзамон бо ин ҷашнвора нишастҳо доир ба ҳуқуқи муҳоҷирон, қочоқи инсон дар Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор мешавад. Як миллиону ҳафтсад ҳазор нафар аз мардуми ин се кишвар дар Русия муҳоҷири корӣ ҳастанд ва нақзи ҳуқуқи аксарияти онон як масъалаи умда мебошад.


Ҷашнвораи "Ҳуқуқ дар мазҳари тавваҷӯҳ" бо мусоидати созмони байналмилалии муҳоҷират ва кӯмаки вазорати умури хориҷаи Дания ташкил шудааст.
XS
SM
MD
LG