Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон фурӯши барқро ба Афғонистон маҳдуд кард.


Дар заминаи коҳиши тавлиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон ин кишвар содироти барқи худ ба Афғонистонро 85 дарсад маҳдуд кардааст. Дар ин бора Ширкати »Барқи тоҷик» хабар додааст.


Бино ба иттилоъи ин манбаъ Тоҷикистон бар асоси тавофуқоти доштаи худ бо Афғонистон моҳона ҳудуди 3 миллион киловатт соат нерӯи барқ бо қимати 2 сентӣ ба ин кишвар содир менамояд.


Бино ба иттилоъи Ширкати «Барқи тоҷик» тасмими маҳдуд сохтани ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ ба кишвари ҳамсояи Афғонистон бинобар пеш омадани мушкили нарасидани барқ дар дохили Тоҷикистон гирифта шудааст.



Вале гуфта мешавад Ширкати «Барқи тоҷик» ба манзури аз даст надодани бозори фурӯши барқ қасд надорад интиқоли барқ ба Афғонистонро комилан мутаваққиф созад.

Бино ба маълумоти Кумитаи омори Тоҷикистон тайи 10 моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба хориҷ ба маблағи 43,4 миллион доллари амрикоӣ қувваи барқ содир шудааст.


Дар ҳоли ҳозир барқи Тоҷикистон тавассути хатти баландшиддати 110 киловатӣ ба Афғонистон содир мегардад Ҳамзамон ду тарҳи ҷадид барои эҳдоси як хатти баландшиддати интиқоли барқ бо зарфияти 220 киловат дар дасти баррасӣ қарор дорад.

Дар сурати мавриди истифода қарор гирифтани ин хатт содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон ва аз тариқи он ба Покистону Эрон дар назар аст.
XS
SM
MD
LG