Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барфи саввум ва мушкилоти кӯҳна (аксҳо)


Барф сардӣ меорад ва сардӣ чанд мушкили дигар барои мардум

Боришоти давомдори барф, ки аз дишаб дар Душанбе идома дорад, ба баландии даҳ сантиметр расидааст. Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон ба сомонаи Озодӣ гуфт, бино бар маълумоте, ки обуҳавосанҷон дар даст доранд, бориши барф то субҳи рӯзи дигар идома хоҳад ёфт.

Ҳаво имрӯз (4 декабр) дар пойтахти Тоҷикистон ду дараҷа сард аст. Аммо он ки фардо дақиқан чанд дараҷа хоҳад буд ва ин сардӣ то кай давом хоҳад кард, маркази обуҳавонсанҷӣ чизе гуфта наметавонистааст,зеро бино бар ҳарфи бонуе, ки он аз сӯи хатти телефон бо ман ҳарф мезад, дар идораи онҳо барқ хомӯш аст ва онҳо интизоранд, ки кай барқ шаваду дастгоҳҳои обуҳавосанҷияшонро рӯшан кунанд.

Ва аммо барф сардӣ меорад ва сардӣ чанд мушкили дигар барои мардум. Чанд донаяк хурмои танҳо дарахти мевадореро, ки дар бинои дафтари Озодӣ дар Душанбе аст, эҳтимол аст, сармо бизанад. Ҳамкорам, Холиқи Сангин, ки дар деҳа миёни дарахтзорҳои мева бузург шудааст, мегуфт, агар имшаб бориши барф қатъ шаваду ҳаво хунук гардад, он меваҳоеро, ки дар шохи дарахтҳо зери барф мемонанд, ҳатман сармо мезанад.

Мирзонабии Холиқзод, раиси дафтари Озодӣ дар Душанбе, ки таҷрибаи ғании ронандагӣ дорад, мегӯяд, агар оби радиатори мошинҳо имшаб рехта нашавад, ях мекунад ва эҳтимол аст, ки радиатор бикафад. Мирзонабӣ маслиҳат медиҳад, ё антифриз бигиред ва ё дар ин шабҳои сармо ҳар шаб оби радиаторро бирезед.

Ва аммо сармо на танҳо мошинҳои сабукравро дучори мушкили фаннӣ мекунад. Ҳамкорам, Гулнораи Равшан дар хиёбони марказии Душанбе троллейбусеро акс гирифт, ки аз сабаби хомӯш будани барқ мусофирҳояш онро тела медоданд. Ин ба мисли баргардондани қарз аст. Як истгоҳ троллейбус мусофирҳоро мебарад ва то истгоҳи дигар мусофирҳо онро мебаранд.

Ин аксро ҳамкори дигарам Зарангези Наврӯзшоҳ дар роҳ сӯи дафтари Озодӣ гирифтааст. Зарангез аз назди донишгоҳи омӯзгорӣ, ки ҳамсояи дафтари Озодист, мегузашт ва донишҷӯёнро дид, ки зери ҳавои кушод дарси «Ободонии гирду атрофии донишгоҳ» меомӯхтанд. Қаламҳои худро бо белу каланд иваз карда. Дастҳои хунукхӯрдаи худро ҳар даму замон бо ҳавли даҳон пуф карда.
XS
SM
MD
LG