Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз доллар то ба гӯшти гову пойафзол: Нархҳо ҳама боло.


Ба фарқ аз дигар кишварҳо қурби доллар эътиборашро дар бозори Тоҷикистон ҳифз карда ва қурбаш дар муқобили пули сомонӣ ҳатто ба оҳистагӣ боло меравад. Чунин ҳол боиси то андозае гарон шудани нархи молу маҳсулот дар бозорҳои ин кишвар гаштааст.

Рӯзи ҷумъа (1 декабр) арзиши доллар дар бозори асъори кишвар боз ба миқдори як дирами дигар боло рафт. Нархи хариди 100 доллари амрикоӣ акнун ба 345 - 346 сомонӣ ва баҳои фурӯшаш ба 347 сомонӣ баробар шудааст. Ин дар ҳолест, ки як рӯз пеш 100 доллар дар сароффиҳои пойтахти Тоҷикистон 344 сомонӣ арзиш дошт. Вале Бонки Миллии Тоҷикистон қурби расмии долларро тағйир надодааст ва 1 доллар расман 3 сомониву 39 дирам арзиш дорад.

Як евро воҳиди пулии Аврупо дар саррофиҳо баробар аст ба 4 сомону 40 дирам ва арзиши фурӯшаш 4 сомону 46 дирам.

Дар нуқтаҳои фурӯши асъори пойтахт ҳамчунин баҳои пули русӣ баланд шуда, акнун баҳои хариди 100 рубли русӣ 10 сомону 26 дирам ва баҳои фурӯшаш 10 сомону 28 дирамро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, 100 сӯми узбакӣ дар бозори арзи хориҷӣ ба 25 дирам харидорӣ ва 30 дирам фурӯхта мешавад.

Коршиносон заъфи иқтисод ва заъфи низоми молии Тоҷикистон ва афзоиши таваррум дар пайи боло рафтани қиммати маводи сӯхтро аз ангезаҳои ҳамчунон пойин рафтани нархи пули миллии кишвар дар муқобили асъори муҳими хориҷӣ медонанд.

Таъсири болову пойин рафтани қурби асъор бештар аз ҳама дар бозорҳои фурӯши колои Тоҷикистон мушоҳида мешавад. Одатан бо тағйир ёфтани қурби доллару евро дар саррофиҳо нархи маҳсулот дар бозор ҳам тағйир мекунад ва одатан ба сӯи гаронӣ. Сарфи назар аз ин ки доллар ё евро боло рафтааст ё пойин.

Ба ин тартиб, имрӯз нархи як килограмм гӯшти гов баробар ба 11 сомону 50 дирам, як халта орди навъи якум ба 60 сомонӣ баробар аст.

Ҳамчунин тағйири нарх дар бозори молу колои пойтахт эҳсос мешавад. Барои мисол, агар як пойафзоли сифаташ миёнаи зимистона барои занон ба маблағи 40 ё 60 сомон фурӯхта мешуд, имрӯз он ба 90 сомонӣ баробар шудааст. Ва ё агар дар зимистони гузашта як ҷавон метавонист ба 250 доллар сару либоси босифат ва замонавӣ харад, акнун барояш ҳудуди 500 доллар лозим аст. Насиба, як тоҷири либоси мардона мегӯяд, дар бозорҳои кишвар баробари барфи аввал нархи либоса гарон шудааст.

Фарорасии фасли сармо, масдуд шудани роҳҳо, камбуди шадиди барқу газ ва тавре ҳам, ки гуфтем, тағйир ёфтани қурби асъор аз омилҳои аслии болоравии нархи колоҳо дар бозорҳои Тоҷикистон дониста мешаванд. Ҳамаи бозорҳо дар Тоҷикистон аз растаҳои саррофӣ оғоз мегиранд ва як нигоҳ ба лавҳаи нархномаи ин раста кофист, ки аз ҳавлу ҳоли бақияи нархҳои бозор хабардор шавед.

Ва аммо нархномаи растаҳои саррофӣ инак чандин моҳ аст, фақат ба сӯи афзоиши қурби доллару евро ва коҳиши қурби пули сомонӣ тағйир мекунанд. Сарфи назар аз он ки бо доллару евро дар боқии ҷаҳон чӣ мегузарад.
XS
SM
MD
LG