Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаррифии романи нави Чингиз Айтматов дар Маскав


Чингиз Айтматов, нависандаи маъруфи қирғиз дар шаҳри Маскав романи тозаи худро бо номи «Вақте кӯҳҳо фурӯ мерезанд» муаррифӣ кард. Чингиз Айтматов дар ҷараёни мулоқот бо алоқамандони эҷодиёти худ дар Кохи наққошони Маскав эълом кард, романи нав таҳлили бадеии сарнавишти сайёра дар раванди ҷаҳонишавист.

Чингиз Айтматов: «Мо дар зери фишори ҷаҳонишавӣ ва иқтисоди бозаргонӣ қарор дорем. На зиндагии фардӣ ва на иҷтимоъӣ аз ин фишор озод нест .Чӣ бояд кард, таззодҳоро чӣ гуна нарм бояд кард. Дар ин ҷо фоҷеъа кадом аст ва бадбахтӣ чист. Ҷавҳари роман ҳамин аст.»

Дар муаррифиномаи роман гуфта шудааст, «Вақте ки кӯҳҳо мерезанд», дар бораи рӯзноманигоре ҳикоят мекунад, ки ғайриинтизор ба зодгоҳи баландкӯҳи худ бозмегардад ва ба мушкилоти фаровон мувоҷеҳ мешавад. Дар ҳошияи рӯзгори пурташвиши рӯзноманигор сарнавишти паланги сафеде тасвир шудааст, ки ба эътиқоди нависанда ҳам рамзи танҳоии инсон дар ҷомеъа ва ҳам рамзи робитаи инсон ва табиат аст.

Чингиз Айматов дар як сӯҳбати тахассусӣ бо рӯзномаи «Московский Комсомолес», чопи Маскав гуфтааст, ба сабаби гирифториҳои дипломатӣ камтар фурсати навиштан дорад. ба ҳамин далел байни романи тоза ва пешина « Тавро Касандрӣ» даҳ сол фосила дар миён аст.

Чингиз Айтматов даҳ соли ахир дар симмати сафири Қирғизистон дар Люксембург дар Аврупо ба сар мебарад. Роману повестҳои Чингиз Айтматов «Рӯзи дарозтар аз аср», «Қатлгоҳ», «Алвидоъ, Гулсарӣ», «Сафинаи сафед», «Ҷамила» ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд.
XS
SM
MD
LG