Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳтаринҳо дар Осиё ва муддаъиёни унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон


Халфон Иброҳими қатарӣ беҳтарин футболбози Осиё дар соли 2006 эълом гашт. Ма Сяосуи чинӣ соҳиби ду ҷоиза гардид. Вай беҳтарин зани футболбози сол ном гирифт ва ҷоизаи беҳтарин бозигари ҷавони қораро низ ба номи худ кард. Президенти FIFA Йозеф Блаттер соҳиби мӯътабартарин ҷоиза - «Алмос»-и Конфедеросиюни футболи Осиё шуд. Кеничиро Когуреи ҷопонӣ беҳтарин бозигари футсоли қора эътироф гашт. Шамсул Муйиддин, аз Сингапур беҳтарин довар дониста шуд. Мунтахаби Австралиё беҳтарин тими миллӣ, дастаи Куриёи Шимолӣ беҳтарин тими мунтахаби ҷавонони зери 20-сола, Ҷопон беҳтарин тими футсол, мунтахаби Чин беҳтарин тими занона, «Ҷонбук Моторс» - и Куриёи Ҷанубӣ беҳтарин бошгоҳи футбол эълом шуданд. Созмони футболи Куриёи Ҷанубӣ соҳиби ҷоизаи «Бозии ҷавонмардона» гардид. Чо Кван Сок, сармураббии тими мунтахаби занонаи Куриёи Шимолӣ беҳтарин мураббии сол ном гирифт. Ҳамчунин Созмони футболи Куриёи Шимолӣ беҳтарин федеросиюни миллӣ эълом шуд.

Ва боз як хабар. Дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар лигаи олӣ се бозӣ баргузор шуд.

«Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бар тими меҳмон - «Ориёно»-и Душанбе бо натиҷаи 2 бар 1 ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар майдони худ бар «Саройкамар»-и Панҷ бо натиҷаи 3 бар 0 ғалаба карданд. Дидори ду тими Вазорати дифоъи Тоҷикистон - CSKA ва СКА "Помир" бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 хотима ёфт. Вале натоиҷи ин бозиҳо ба мавқеи дастаҳои пешсафи ҷадвали мусобиқот тағйирот ворид накард. «ХИМА», ки бозиҳояшро ба анҷом расондааст, бо 54 имтиёз дар садри ҷадвал қарор гирифтааст. Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки нисбат ба ҳарифи аслии худ 4 бозӣ камтар анҷом додааст, бо 43 имтиёз дар мақоми дуввум мебошад. Танҳо дар мавриди пирӯзӣ дар ҳамаи бозиҳои боқимондаи худ футболбозони шаҳри Турсунзода соҳиби медалҳои тиллои мусобиқот хоҳанд шуд.

«Парвоз»бо 44 имтиёз аз 21 бозӣ дар зинаи севвум ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо 41 имтиёз аз 20 бозӣ дар зинаи чаҳорум ҷойгир шудаанд. Ин ду даста барои дарёфти медалҳои биринҷӣ талош мекунанд.
XS
SM
MD
LG