Камбуди шадиди барқ дар саросари Суғд фаъолияти расонаҳои маҳаллиро фалаҷ сохтааст ва барои рӯзи саввум аст, ки бархе аз расонаҳои электронии ин вилоят хомӯш мондаанд. Барои мисол, радиои «Тироз», ки танҳо рӯи мавҷи ФМ, барои сокинони манотиқи марказии Суғд гуфтор пахш мекунад, ба ин сабаб аз се рӯз инҷониб хомӯш аст. Бархе аз шабакаҳои маҳаллии телевизионии Суғд ҳам соатҳои пахши барномаҳои худро кам карда, бархе дигар умуман аз имкони пахши барномаҳо маҳрум мондааст. Нашрияҳои «Вароруд» ва «Нилуфар» дар ин ҳафта натавонистанд, шумораҳои навбатии худро ба дасти нашр диҳанд. Гулҷаҳон Турсунзода , корманди ҳафтавори «Вароруд» кай ба чоп расидани шумораи навбатии ин ҳафтавори мустақилро ба таъмини барқ бастагӣ дод. Дар Хуҷанд дар ин ҳафта танҳо шумораҳои тозаи чанд нашрияи давлатӣ ба фурӯшгоҳҳо бароварда шуд. Вале дар ин нашрияҳо дар бораи сабабҳои аслии мушкилоти таъмини барқу газ дар Суғд матолибе дарҷ нашудааст.
Дар навоҳии канории Суғд, ки аз рӯзи ҷумъаи 24 - уми ноябр то кунун бебарқ мондааст, сокинон аслан ба расонаҳои чопиву электронӣ дастрасӣ надоранд. Комил Ёдгоров, як сокини шаҳраки Бӯстон, 70 киламетрии шимоли Хуҷанд мегӯяд, дар ин рӯзҳои бебарқӣ сокинони навоҳии наздимарзии Мастчоҳ аз навигариҳои Суғд ва дунё танҳо тавассути радиоҳое, ки бо барқдиҳандаҳои худӣ ё батарейкаҳо кор мекунад, огоҳӣ пайдо мекунанд. Дар манотиқи дигари канории Суғд низ ҳол ҳамин гуна аст.
Бебарқии саросарӣ дар Суғд инчунин марказҳои интернетиро ҳам ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст. Дар Хуҷанд бештари марказҳои хадамоти интернет ба ин иллат фаъолияти худро муваққатан қатъ кардаанд. Вале теъдоде аз марказҳои интернетӣ дар ин рӯзҳои бебарқӣ аз генераторҳои дизелии тавлиди барқ истифода мекунанд, ва сифати хадамоти интернетӣ дар онҳо хеле паст рафтааст.
Дар ин фасли сармо ва бебарқӣ дар Суғд танҳо корхонаҳои бузурги саноатӣ ва биноҳои идораву муассисаҳои давлатӣ чароғон аст. Ҷойҳое, ки мақомот «объектҳои ҳаётан муҳими давлатӣ» меномад. Аммо расонаҳо, ба хусус, расонаҳои мустақил аз ҷониби мақомот ба номгӯи чунин муассисаҳо шомил карда нашудааст ва расонаҳо аз барқ маҳрум аст.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд