Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳсҳо перомуни Қонуни интихобот дар Қазоқистон


ан

Владимир Фоос, котиби Кумиссиюни марказии интихоботи Қазоқистон гуфтааст, дар назар аст, дар соли 2007 ба қонуни интихоботи ин кишвар тағйирот ворид шавад. Аз ҷумла, аҳзоби сиёсӣ мисли Акжол ва Нагз акжол пешниҳод кардаанд, ки Кумиссиюни интихобот аз шумори намояндагони номзадҳо ба вакилӣ ва ё мақоми раёсати ҷумҳур ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ созмон дода шуда ин кумиссиюнҳо танҳо дар давраи интихобот фаъолият намоянд. Вале Ҳизби ҳокими Отан ва Ҳизби шаҳрвандӣ хостори аз ҳисоби намояндагони аҳзоби сиёсӣ созмон додани ин кумиссиюнҳо ва ба таври доимӣ фаъолият кардани онҳо шудаанд.


Котиби кумиссиюни марказии интихобот гуфтааст, ки имкон дорад, дар масъалаи пешбарии номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳурӣ низ тағйирот ворид гардад. Аз ҷумла, пешниҳод шудааст, ки худпешбарӣ ба мақоми номзад ба раиси ҷумҳур лағв шавад. Оқои Фоос иброз доштааст, ки меъёри ҳолии пешбарии номзадҳо имкон медиҳад, ашхоси тасодуфӣ, ки таҷрибаи сиёсиву обрӯ ва сифатҳои сарварӣ надоранд, чун номзад ба мақоми раиси ҷумҳурӣ пешниҳод гарданд. Бар илова, пешниҳод шудани шумораи зиёди номзадҳо, ба андешаи оқои Фоос, боиси коҳиши таваҷҷӯҳи мардум ба интихобот ва сарфи маблағи зиёд ба ин маърака мегардад.


Вале дар ин робита Дос Кошим -раиси созмони мардумии «Улт тақдири», ки солҳо сарвари Шабакаи нозирони мустақил буд, мегӯяд, лағви ин банди қонун дуруст нест. Ӯ мегӯяд, ҳар як шаҳрванд ҳаққи интихоб шудан дорад ва бояд роҳҳои дигар ҷустуҷӯ шавад, то ҳам шаҳрванд номзадиашро пешбарӣ карда тавонаду ҳам шумораи номзадҳо аз ҳад зиёд нагардад. Оқои Дос Кошим дар мавриди кумиссиюни интихобтӣ мегӯяд, ба он набояд кормандони буҷавӣ роҳ ёбанд, зеро ин ашхос тобеъи ҳукуматҳои маҳалиянд ва интихоботи мунсифонаро ҳаргиз кафолат дода наметавонанд.


Соли 2007 дар Қазоқистон интихобот ба Шӯроҳои маҳаллӣ оғоз меёбанд. Баъд аз се сол дар ин кишвар интихоботи порлумонӣ дар назар аст.
Насибҷон Амонӣ, Алмато
XS
SM
MD
LG