Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карикатуристи иронӣ мусаввирҳои ҷавони Хуҷандро омӯзиш медиҳад


Дар галереяи ҳунарии Хуҷанд, ки ин барнома давом мекард, аз Маҳмуди Алинажод пурсидам, оё ҳунари рассомии карикатураро то кадом ҳад дар ислоҳи ҷурми ришвахориву фасод дар ҷомеаи имрӯзии Тоҷикистон муаассир медонад. Ӯ гуфт:

«Карикатур чун хеле рӯшан ва возеҳ ҳарфашро мезанад, ва гоҳе авқот барои касоне, ки ба он нигоҳ мекунанд, ханда ҳам эҷод мекунад ва дар кишварҳое мардум бо он хеле беҳтар иртибот пайдо карданд нисбати дигар расмҳо. Ва он касе, ки гунаҳкор ҳаст, ришвахӯр ҳаст ва ришва мегирад, шояд мутаваҷҷеҳ набошад ба ин иштибоҳи худ. Шояд ба ӯ касе инро хуб нагуфта бошад. Умедворам ин ҷо ҳам карикотуристҳо хуб ҳарфашонро бизананд ва он касоне, ки ҳоло бар асари иттифоқоти иҷтимоъ ва замона дучори ришвахорӣ ҳастанд, пушаймон бишаванд ва дигар даст аз ин аъмоли зишт, ки ҷомеаро дучори мушкил мекунад, бардоранд.»

Маҳмуди Алинажод гуфт, ки дар Тоҷикистон аз қабл ин навъ ҳунари рассомӣ рушд ва ҷойгоҳе хос дар миёни анвоъи ҳунарҳо дошт. То ибтидои солҳои навадуми асри гузашта дар Душанбе маҷаллаи ҳаҷвие нашр мешуд бо номи «Хорпуштак». Ин маҷалла бештари саҳифаҳои худро ба нашри расмҳои карикатурӣ ихтисос дода буд. Мусаввири иронӣ афзуд, дархости эҷодӣ ва мақсади омӯзиши вай ба рассомони ҷавони тоҷик ба хотири дубора дидани чопи ин гуна маҷаллаҳои ҳаҷвӣ дар Тоҷикистон аст.

Ба ақидаи рассомони ҷавони Суғд, ки дар назди Маҳмуди Алинажод карикатур меомӯхтанд, набуди харидор ба ин навъ ҳунари рассомӣ дар ҷомеаи имрӯзии Тоҷикистон боиси аз равнақ мондани карикатур шудааст. Абдуҳалим ном як сабақомӯзи донишкадаи рассомии Донишгоҳи Хуҷанд мегӯяд, дар мавзӯъи ришвахорӣ тасвирҳои ҳаҷвие офаридааст, вале нашрияе нест, ки онро ба дасти чоп диҳад:

«Ман бовар дорам, ки расмҳои карикатурии ман ва ҳамсабақонам дар мубориза бар зидди ришвахорӣ кӯмак мерасонад. Аммо маҷалла ё нашрияе бошад, ки тавонем дар он расмҳои карикатурии худро чоп кунем.»

Аммо аз нигоҳи ин рассоми ҷавони Суғд, харидор ва тарғибгари расмҳои карикатурӣ дар мавзӯъи ришвахорӣ бояд давлати Тоҷикистон ва мақомоти масъул бошанд. Сафари ҳунарии Маҳмуди Алинажод - мусаввири карикура аз Ирон ба Хуҷанд аз рӯи як барномаи омӯзишии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва бо мусоидати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG