Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии паҳлавони тоҷик дар Русия


Ин гуштигири маъруфи тоҷик дар рақобатҳо дар вазни 120 килограмм бар ҳарифони худ Александр Алексеев ва Марат Галиатулин, ҳарду аз Русия пирӯз шуда, дар сабқати ниҳоӣ Абдурасул Магомедови доғистониро мағлуб сохт. Карим Каримов ба Радиои Озодӣ гуфт: «Ширкати мо дар ин мусобиқот як давраи омодагӣ ба Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар маҳсуб мешуд. Мо рӯзи 5-уми декабр ба шаҳри Доҳа сафар мекунем. Ман аввалин бор дар Бозиҳои Осиёӣ ширкат хоҳам кард. Боз ду нафари дигар - Ҳусниддин Маллаев дар вазни 84 килограмм ва Шодӣ Баҳромов дар вазни 97 килограмм ҳунарнамоӣ мекунанд.»

Ва як хабари дигар. Мусобиқоти ҷумҳуриявии беҳтарин шатранҷбозони тоҷик бо пирӯзии устоди байнулмилалӣ Ҷамшед Исоев ба поён расид.

Дар ин мусобиқот ҳудуди 60 нафар аз вилоятҳои Суғду Хатлон, вилояти худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва пойтахти Тоҷикистон тӯли нӯҳ рӯз дар толори мактаби шоҳмоти шаҳри Душанбе рақобат карданд. Ҷамшед Исоев, аз шаҳри Душанбе дар нӯҳ бозӣ 8 имтиёз ба даст овард. Вай дар шаш бозӣ ғолиб омада, ду бозиро мусовӣ анҷом дод. Соҳиб Ҷӯраев, шатранҷбози 16-сола аз ноҳияи Ҳисор бо 7,5 имтиёз дар мақоми севвум қарор гирифт. Устоди байнулмилалӣ Сӯҳроб Ҳамдамов, аз шаҳри Душанбе бо 7,5 имтиёз мақоми севвумро касб кард.

Дар сабқати бонувони шатранҷбоз се нафар аз шаҳри Душанбе - Надежда Антонова бо 6,5 имтиёз мақоми аввал, Шаҳноза Умарова бо 5,5 имтиёз мақоми дуввум ва Саодат Одинаева бо 5 имтиёз мақоми севвумро ишғол карданд.
XS
SM
MD
LG