Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе утоқи тиҷорати Амрико ташкил меёбад


Амрико қасд дорад барои нахустин бор дар Тоҷикистон утоқи тиҷорати худро таъсис бидиҳад. Ин матлаб дар як нишасти мизи муддавар ки дар шаҳри Душанбе бо ибтикори сафорати ин кишвар доир гардид эълом шудааст


Трейси Энн Ҷейкобсон сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон зимни ин нишаст гуфт роҳандозии утоқи тиҷории Амрико дар Тоҷикистон мусоидат менамояд то ширкатҳо ва сармоягузорони собиқадори амрикоиву хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ҷалб гарданд.


Хонум Ҷейкобсон гуфт утоқи тиҷорати Амрико дар Тоҷикистон ҳамчунин дар ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди ин кишвар мусоидат менамояд. Ба гуфтаи хонум Ҷейкобсон пуштибонӣ аз раванди рушди соҳибкорӣ ва ташвиқи тиҷорати хурду миёна аз дигар авлавиятҳои фаъолияти утоқи тиҷорати Амрико дар Тоҷикистон хоҳад буд.


Қарор аст баъд аз сабти ном шудани утоқи тиҷорати Амрико дар Тоҷикистон ин ниҳод шомили Палатаи тиҷорат ва саноати ИМА гардад. Палатаи мазкур аз бузургтарин Анҷумани туҷор ва соҳибкории дунё ба ҳисоб меравад ва гуфта мешавад феълан беш аз 3 миллион марокизи пуштибонии соҳибкорӣ дар саросари ҷаҳон узвияти онро доранд.
XS
SM
MD
LG