Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаррифии гузориш оид ба саноати маводи мухаддирот дар Афғонистон


Дар гузориши муфассали Созмони Милал ва Бонки ҷаҳонӣ, ки таҳти унвони "Саноати маводи мухаддири Афғонистон" ба нашр расидааст, омадааст, ки дар Афғонистон кишти маводи мухаддир ба ҳудуди 60 % ва истеҳсоли он ба 50 % афзоиш ёфтааст.


Дорис Беденберг, намояндаи дафтари мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҷинояткории СММ дар маросими муаррифии ин гузориш дар Кобул гуфт, афзоиши ҳамалоти шӯришӣ дар ҷануби Афғонистон, заъфи ҳокимият ва мавҷудияти саноати истеҳсоли маводи мухаддир се иллати умдаи ин гуна афзоиш будааст. Ӯ гуфт, аз намояндагони созмонҳои байнулмилал ва низ ҳукумати Афғонистон зиёд шунидааст, ки маводи мухаддир чӣ навоқисе, ки надошта бошад, барои Афғонистон муфид аст. Ва аммо ба андешаи хонум Беденберг, маҳз маводи мухаддир яке аз аз сабабҳои аслии афзоиши хушунатҳо ва садди рушди иқтисодии Афғонистон аст.


Дар гузориши СММ ва Бонки ҷаҳонӣ омадааст, ки аз 3,1 млрд долларе, ки дар бозори маводи мухаддир гардиш мехӯрад, танҳо 25 фисади ин маблағ, яъне 760 млн доллар дар дохили Афғонистон боқӣ мемонад. Боқимонда 75 фисад, яъне ҳудуди 2,5 миллиард доллар мафоди қочоқбарони маводи мухаддир аст, ки дар бонкҳои хориҷи кишвар нигаҳдорӣ мешавад. Ва танҳо 16 то 20 фисади деҳқонони Афғонистон бо кишти маводи мухаддир сарукор доранд.


Вилям Берд, мушовири бахши коҳиши Бонки ҷаҳонӣ гуфт, мубориза бар зидди кишти маводи мухаддир ба қишри бебизоати аҳолии Афғонистон зарари ҷиддӣ расонд. Ӯ гуфт, аммо онҳое, ки сарватманданд ва пуштибонии сиёсӣ доранд, тавонистанд аз маҳви киштзорашон ҷилавгирӣ кунанд. Оқои Берд афзуд, мубориза бар зидди маводи мухаддир сатҳи фасод ва заъфи идориро афзуд.


Дар гузориш бидуни овардани исми мушаххас омадааст, як теъдод мақомоти баланпояи Афғонистон низ дар қочоқи маводи мухаддир даст доранд. Дар гузашта ин иддао чандин маротиба аз сӯйи мақомоти Афғонистон рад шуда буд. Афғонистон 90 дар сади маводи мухаддири ҷаҳонро тавлид мекунад ва Ирон, Покистон ва Аврупо умдатарин кишварҳои истеъмолкунандаи маводи мухаддири Афғонистон будаанд.
Фарҳоди Милод, Кобул
XS
SM
MD
LG