Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими мактаби футболи Душанбе - барандаи Ҷоми Султон Мирзоев


Дар ҳаштумин давраи ин мусобиқоти анъанавӣ, ки ба ҷашни 60-солагии зодрӯзи футболбози номӣ, мураббӣ ва довари маъруфи футболи тоҷик зиндаёд Султон Мирзоев бахшида шуд, ҳашт даста аз вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ тӯли панҷ рӯз дар варзишгоҳи «Спартак»-и пойтахти ин кишвар қувваозмоӣ карданд.

Дастаи мактаби махсуси футбол дар бозии ниҳоӣ бар тими «Энергетик»-и Душанбе аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11-метра бо ҳисоби 6 бар 5 ғалаба карда, барандаи Ҷоми ёдбуди Султон Мирзоев шуд. Замони асосӣ ва изофии ин дидор бо натиҷаи мусовии 0 бар 0 ба поён расид.

Барои ҷойи севвум дастаи Локомотив»-и Душанбе бар тими шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон бо натиҷаи 3 бар 0 ғолиб омад.
XS
SM
MD
LG