Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се рӯзи бебарқии саросарӣ дар Тоҷикистон


Ширкати давлатии «Барқи тоҷик» эълом доштааст тайи рӯзҳои 28, 29 ва 30 - ноябри соли равон дар саросари қаламрави Тоҷикистон, ба шумули пойтахти ин кишвар - шаҳри Душанбе интиқоли барқ ба таври пурра қатъ мегардад.


Ин матлабро Шарифхон Самиев раиси Ширкати «Барқи тоҷик» рӯзи ҷумъа ( 24 ноябр) зимни нишасти матбуъотии худ дар шаҳри Душанбе изҳор доштааст. Ҷаноби Самиев сабаби муваққатан қатъ ёфтани интиқоли барқ дар кишварро ба пешбурди умури сохтмонӣ дар Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда -1 ва садбандӣ шудани маҷрои рудхонаи Вахш марбут донист.


Ба ин далел афзудааст ҷаноби Самиев дар рӯзҳои оянда коркарди нерӯи барқ дар нерӯгоҳи Норак ва Бойғозӣ ду нерӯгоҳи аслии тавлиди нерӯи барқ коҳиш меёбад.Тибқи омори вазорати енержии Тоҷикистон феълан дар як шабонарӯз дар Тоҷикистон 43 миллион киловатт соат нерӯи барқ тавлид мегардад, вале тайи ҳафтаи оянда ин нишондиҳанда қарор аст то ба 25 миллион киловатт соат дар шабонарӯз коҳиш ёбад.


Қатъ ёфтани интиқоли барқ дар саросари навоҳии Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад,ки боришоти ғайри мунтазираи барф дар мавсими тирамоҳи имсола ва ҳамчунин камбуди гози табиъӣ дар кишвар мардумро бо мушкил мувоҷеҳ сохтааст.
XS
SM
MD
LG