Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии варзишгарони тоҷик ба бозиҳои осиёӣ дар Қатар


Анвар Бобоҷонов, масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо эъломи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, дар понздаҳумин давраи ин бозиҳо, ки аз 1 то 15 декабри соли равон дар пойтахти Қатар - шаҳри Доҳа баргузор мешаванд, варзишгарони беш аз 40 кишвари қора дар 42 ришта рақобат хоҳанд кард.


Варзишгарони тоҷик аз рӯи 14 намуд-волейбол, тенниси рӯи миз, бокс, гуштии дзюдо, тирандозӣ, камонварӣ, варзиши сабук, таэквон-до, қаиқронӣ, каратэ-до ва ғайра ҳунарнамоӣ мекунанд. Оқои Бобоҷонов афзуд:


«Шарафи Тоҷикистонро дар Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар беҳтарин варзишгарони кишвар ҳимоя мекунанд, ки дар байни онҳо гурзандоз Дилшод Назаров, тирандозон Сергей Бабиков, Зарина Бабикова, гуштигир Расул Боқиев, муштзан Шералӣ Достиев, таэквондочиён Гулчеҳра Раҳимова, Кристина Коробко, Екатерина Трубитсина, камонварон Фотима ва Зӯҳро Тағоеваҳо, даванда Галина Митяева ва дигарон ҳастанд.»


Варзишгарони Тоҷикистон дар се давраи Бозиҳои Осиёӣ ҳамагӣ 8 медал - 2 нуқра ва 6 биринҷӣ ба даст овардаанд, ки ин нисбат ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ хеле кам аст. Қазоқистон дар се давраи охири Бозиҳои Осиёӣ 301 медал, аз ҷумла 69 медали тилло, Узбакистон 131 медал, минҷумла 31 нишони тилло, Туркманистон 13 медал, аз он ҷумла 3 тилло ва Қирғизистон 27 медал, минҷумла 2 нишони тилло гирифтаанд.


Дар айни ҳол дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон дар шаҳри Доҳа барои роҳ ёфтан ба қисмати ниҳоии Бозиҳои Осиёӣ талош мекунад. Гурӯҳи дигари варзишгарони тоҷик барои ширкат дар мусобиқот аз рӯи барномаи ин бозиҳо дар риштаҳои волейбол, тенниси рӯи миз, бокс ва гуштии дзюдо рӯзи 28 ноябр ба Қатар сафар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG