Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Александр Литвиненко даргузашт


Ҷосуси собиқи Русия Александр Литвиненко, ки се ҳафта пеш бо заҳри номаълуме масмум шуд, дар бемористоне дар шаҳри Ландан фавтидааст. Ҷим Довн сухангӯи бемористони пажӯҳишгоҳии Ландан гуфт, ки табибон барои ҳифзи ҷони Александр Литвиненкои 43-сола ҳар кори мумкинро карданд, вале бенатиҷа:


"Мо бо андӯҳ эълом мекунем, ки Александр Литвиненко соати нӯҳу 21 дақиқаи 23 ноябр дар бемористони пажӯҳишгоҳӣ ҷон дод. Ӯро, ки гирифтори бемории ҷиддие буд, рӯзи ҷумъа ҳафтдаҳуми ноябр ба бемористони мо оварданд. Гурӯҳи табибон ҳар кори мумкинро анҷом дод, то ҷони ӯро ҳифз кунад."

Ин корманди собиқи ФСБ Хадамоти Федероли Амнияти Русия ва аз мунтақидони сахти ҳукумати Маскав, се ҳафта пеш баъди ғизо хӯрдан дар як ресторани шаҳри Ландан ба бемории сахте гирифтор шуд. Дӯстонаш иддао мекунанд, ки заҳролуд шудани Александр Литвиненко кори дасти маъмурони амниятии Русия аст, иддаое ,ки ҳукумати Русия онро "ёва" номид.
XS
SM
MD
LG